ШАРҲИ МАТБУОТ: Матолиби муҳим ва ҷолиб дар шумораи нави рӯзномаи “Нури маърифат”

Минбаъд аз сомона ва шабакаҳои иҷтимоии донишгоҳӣ доир ба матолиби шумораҳои тозаи рӯзномаи донишгоҳии “Нури маърифат”, ки моҳе ду маротиба ба табъ мерасад, маълумот пайдо хоҳед кард. Ба таври фишурда муҳимтарин маводу мақолаҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳем.

Дар шумораи навбатии нашрия (№16-17 аз санаи 30 ноябри соли 2020) доир ба мавзӯъҳои гуногун якчанд мақола ва хабару гузоришҳо дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла, дар саҳифаи аввал аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ мавод чоп карда шудааст.

Дар ҳамин саҳифа рубрикаи нав бо номи “Чеҳраҳои баргузида” рӯи кор омада, аз кору зиндагии устоди номвари донишгоҳ профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Нӯъмон Неъматов нақл мекунад. Таъкид мешавад, ки фаъолияти илмии Нӯъмон Неъматов серҷанба буда, тадқиқоти вай масъалаҳои археологияи бостон ва асрҳои миёнаи сарзамини Тоҷикистон, таърих ва таърихи маданияти халқи тоҷик ва Осиёи Марказиро фаро мегирад. “Маҳз ӯ таърихи 2500-солаи шаҳри бостонии Хуҷандро исбот кардааст. Яке аз ташаббускорони таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мебошад. Муаллифи беш аз 720 китобу мақолаҳои илмию тарғиботист».

«НЕРӮИ МУТТАҲИДСОЗИ ҶОМЕА» - таҳти ин унвон мақолаи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода дарҷ гардидааст. Дар мақоланақши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муттаҳидсозии ҷомеа, арзиши ин муқаддасоти миллӣ дар ойини давлатдории тоҷикон таҳлил гардидааст: “Агар ба таърихи пайдоиши парчам назар афканем, он ба дуриҳои дур – даврони бостонии таърих мерасад. Боиси ифтихор аст, ки зуҳури парчам ҳамчун рамзи милливу давлатдорӣ маҳз аз ниёкони мо – мардуми ориёитабор, маншаъ ёфтааст”.Ба навиштаи Ҷамшед Ҷӯразода то соли 1994 масъалаи қабули Парчами давлатӣ ба баҳсу мунозираҳои зиёд печ хӯрда, ҳамеша ин иқдом ба дарозо мекашид ва маҳз дар Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур ба миён гузошта шудаву тариқи райъпурсии умумихалқӣ мақбули халқ гардид. Тавре дар идомаи мақола омадааст: “Бешак, қабули Парчам нерӯву тавоне буд барои мардум, ки бар ноҷуриҳои замон муттаҳидона дастболо гарданд ва зиндагии ободу шоистаеро, ки имрӯз доранд, дар фазои сулҳу ваҳдат соҳиб шаванд”. Муфассалоти ин мавзӯъ дар саҳифаи 2.

Дар саҳифаи сеюм бошад дастовардҳои раванди таълим дар донишгоҳ таҳлил гардидааст. Чунончӣ сардори раёсати таълими донишгоҳ, номзади илмҳои химия Муҳиддин САБУРОВ гуфтааст, соли 2020 дар ин раванд аз чанд ҷиҳат бобарору хотирмон буд. Сол аз сол зиёд шудани шумораи дохилшавандагон ба донишгоҳ агар аз як ҷиҳат ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ марбут бошад, аз ҷониби дигар афзоиши нуфузи донишгоҳро ифода мекунад, - таъкид мешавад дар мавод. Масалан, соли таҳсили 2020-2021 ба курси якуми донишгоҳ 3730 нафар донишҷӯ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 445нафар зиёд мебошанд. Донишгоҳ давоми чанд соли охир байни донишҷӯёну омӯзгорон пурсиши афкор гузаронида, ба ин васила, раванди таълимро пайваста бозбиниву таҳким мебахшад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба сифати таълим бетаъсир намонда, давомоти донишҷӯёни донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли хониш ба ҳисоби миёна 96,02%-ро ташкил додааст. Омадааст, таъсиси ихтисосҳои нав ва мувофиқ ба талаботи замон аз масъалаҳои муҳимест, ки дар мадди назари ҳамешагии раёсати донишгоҳ қарор дорад: “Дар ин давра 10 ихтисоси нав таъсис ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои тахассусманд заминаи иловагӣ мусоид шуд. Донишгоҳ дар ин самт корбариро давом дода, тасмим ҳаст дар соли таҳсили 2020-2021 22 ихтисоси нав рӯи кор оянд”.

Доир ба навгонӣ, чорабиниҳои донишгоҳӣ дар саҳифаи 4-ум хабару гузоришҳо рӯи чоп омадаанд.

Давоми моҳи гузашта аз ҷониби олимону устодони донишгоҳ як силсила китобу маҷмӯаҳо ба табъ расиданд, ки аз гӯшаи “Китобҳои тозанашр”-и саҳифаи панҷум вобаста ба онҳо маълумот пайдо намудан мумкин аст.

“Қуттии худкор ниқобу дастпӯшаки кӯҳнаро безарар мекунад”Парвиз Азимов ва Ҳамзулло Ҷӯраев – донишҷӯёни курси сеюми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии донишгоҳ қуттии худкореро ихтироъ карданд, ки барои партофтани ниқоб ва дастпӯшакҳои истифодашуда пешбинӣ шудааст.

Баробари наздик шудан даричаи таҷҳизот ба таври худкор боз мешавад ва ҳаминтавр бе таъсиррасонии ҷисмонӣ махкам мегардад.Чунончӣ, муаллифони лоиҳа қайд карданд конструксияи қисми кушодашаванда чунин таҳия шудааст, ки партовҳо, ҳатто дар ҳолати кушодашавӣ аз назари истифодабаранда дур буда, дар халтаи махсус ҷамъ карда мешавад. Истифодаи платаи Arduino ва шилдҳои он имконият медиҳад, ки фосилаи наздикшавии инсон ва вақти кушодашавии таҷҳизот пурра идора карда шавад. Донишҷӯёни навовар ихтирои таҷҳизоти мазкурро тақозои замон мешуморанд.

“Машғулият дар утоқҳои гарм” – матлаби мазкур низ дар ҳамин саҳифа рӯи чоп омадааст. Хабар дода мешавад, ки тамоми утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии биноҳои як ва дуюми донишгоҳ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст шуда, дарсу машғулият дар синфхонаҳои гарм сурат мегиранд. Шурӯъ аз 15 ноябр баробари сард шудани ҳаво шабакаи ягонаи гармидиҳӣ ба фаъолият пардохта, ду бинои таълимиро бо гармӣ таъмин намуда истодааст. “Тавре аз раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, таъмини мунтазами фаъолияти шабакаи ягонаи гармидиҳӣ зери назорати доимии роҳбарияти муассиса қарор дорад”.

Яке аз матлабҳои саҳифаи 6-уми рӯзнома ба мавзӯи бемории вогири коронавирус бахшида шуда, чунин унвон дорад:

“Фориғболӣ пайомади хуб надорад!”

Паҳншавии бемории мазкур боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Имрӯз хушбахтона мутахассисони соҳаи тиб дар муолиҷаи беморони мубталои вируси коруно таҷрибаи кофӣ ҳосил карда, аксари сироятшудагон шифои комил ёфта истодаанд. Вале ин гуфта мазмуни онро надорад, ки нисбат ба бемории мазкур фориғболу камаҳамият бошем. “Аз рӯи мушоҳидаи коршиносон як муаммои ҷиддии ҷомеаи мо дар шароити пандимия ҳамин фориғболист... Мутаассифона, имрӯз дар бисёр ҷойҳои ҷамъиятӣ мушоҳида мекунем, ки мардум аксаран масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд. Мувофиқи тавсияи мутахассисон масофаи байниҳамдигарӣ бояд аз 1,5 то 2 метрро ташкил диҳад. Ин муқаррарот, ки дар бисёр маврид сарфи назар мешавад, як воситаи асосии пешгирӣ аз паҳншавии вирус аст”. Мавод хусусияти тавсиявӣ дошта, аз хонанда даъват карда мешавад, то қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя кунанд.

“ШАБНАМ: “ХИЁНАТ” ДАРСИ ИБРАТ ДОД!”

Шабнам Ҷалилова, донишҷӯи факултети физика ва математика бардошти худро аз филми мустанади “Хиёнат”рӯи коғаз овардааст. Вай мегӯяд, филми мустанад, ки аз рӯзгори мудҳиши ибтидои солҳои наваддуми асри гузашта – ҷанги шаҳрвандӣ ва омилони ин фоҷеа нақл мекунад, хеле таъсирбахш буд. Махсусан, хиёнатҳои роҳбарону пайравони ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом барои ҳар фард дарси ибрат мебошад.

Аз сатҳи донишу маҳорати таҷрибаомӯзони донишгоҳ омӯзгорони муассисаҳои миёна қаноатманданд. Бо ҳамин мазмун дар саҳифаи мазкур маводи Бахтиёр САЙДАЛИЕВ, мухбири ҷамъиятии “Нури маърифат” чоп шудааст.

«БЕ МУРАБӢ ЗЕРИ ГАРДУН МӮЪТАБАР НАТВОН ШУДАН…» Ин матлаб ба кору зиндагии Абдуманнон ОЛИМӢ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи анализи математикӣ бахшида шудааст. Устоди донишгоҳ, ки ҳафтаи гузашта ба синни муборики 70 қадам гузошт, аз рӯзгори худ ва махсусан талошу кӯшишҳояш дар роҳи илм нақли ҷолиб намудааст, ки аҳамияти тарбиявӣ дорад. Мавсуф тамоми дастоварду комёбиҳои илмии худро аз шарофати устодони хеш мешуморад ва як умр раҳнамоиву заҳматҳои онҳоро арҷгузор аст.

«ДАР ХУД ФИКРҲОИ МУСБАТРО БЕДОР КУНЕД!» Ин маводи тавсиявӣ аст ва ба қаламиҲусейн ЗАЙТМЕТОВ, номзади илмҳои психологӣ, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии донишгоҳ тааллуқ дорад. Омадааст, ҷиҳати беҳтар намудани саломатӣ ва вазъи худ зарур аст аз усули «тасдиқкунӣ» ҳамеша истифода бурд. Ин усул бо мисолҳои мушаххас шарҳ дода шудааст, ки хонанда метавонад бо онҳо аз саҳифаи 8-ум шинос шавад.

Дар ҳамин саҳифа маводи ҷолиби диққате дарҷ шудааст, ки чунин сарлавҳа дорад:

“ЗАКАРИЁИ РОЗӢ – КОШИФИ ҶАДВАЛИ МЕНДЕЛЕЕВ?”

Байни иддае аз муҳаққиқони тоҷик андеша ҳаст, ки мураттиби ҷадвали даврии аносири кимиёвӣ, ки ба номи олими рус Д.И.Менделеев нисбат медиҳанд, аслан Закариёи Розӣ мебошад. Ин иддаоро Мӯсо Диноршоев, файласуфи шинохтаи тоҷик, ба миён гузошта ва маводи мазкур низ андешаҳои ин олимро бозтоб додааст. Аммо таъкид мегардад, ки дар ин бора танҳо ба делелҳои нисбӣ такя мекунанд. Аз ҷиҳати илм собит намудани ин гуфта тадқиқот ва пажӯҳишҳои густурдаро тақозо мекунад, ки он рисолати олимону муҳаққиқон аст.

Аҷоиботи дигар аз ҳамин саҳифа:

“Мағзи сари инсон тавони захираи 4,7 миллиард китобро дорад!”

Таҳқиқоти нави олимон нишон медиҳад, ки ғунҷоиши ҳофизаи мағзи сари инсон даҳ баробар бештар аз он чизе аст, ки қаблан тасаввур мешуд. Яъне, мағзи сари инсон метавонад, беш аз як миллион гигабайт иттилоотро дар худ захира кунад, ки ин миқдор баробар ба иттилооти 4 миллиарду 700 миллион ҷилд китоб ва ё 670 миллион саҳифаи вебсайт аст.

Ба ҳамин монанд маълумотҳои ҷолибро хонанда метавонад дар саҳифаи 8-ум дарёфт ва мутолиа намояд.

Тахмина Юсупова, хабарнигор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ