​COVID-2019: Фориғболӣ пайомади хуб надорад!

Қариб як сол мешавад, ки мардуми ҷаҳон аз бемории вогири коронавирус дар ташвишу таҳлукаанд. Ин беморӣ босуръат паҳн гардида, қариб тамоми кишварҳои рӯи Заминро фаро гирифтааст. Ва бо вуҷуди пешрафти чашмраси илму техника ва тараққиёти соҳаи тиб мардуми сайёра дар назди ин вируси марговар оҷиз мондааст.

Дар як қатор кишварҳои Аврупо бинобар сар задани мавҷи дуюми беморӣ карантин эълон карда, чораҳои қатъӣ меандешанд. Чунин ҳолат мардумро дар кору зиндагӣ дучори маҳдудияти зиёд намудааст. Аз ҷониби дигар паҳншавии босуръати вируси “тоҷдор” ба рушди иқтисодии кишварҳо монеа эҷод карда, ба ин васила, ба сатҳи зиндагии мардум таъсири амиқ гузоштааст.

Охирҳои моҳи апрели соли 2020 дар Тоҷикистон низ бемории мазкур ошкор шуда, барои пешгирии он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтии пешгирикунанда амалӣ гардонида шуданд. Натиҷаи чораҷӯиҳои саривақтӣ аст, ки ҳолатҳои сироятёбӣ кам ба қайд гирифта мешавад.

Акнун мутахассисони соҳаи тиб ҳам дар муолиҷаи беморони мубталои вируси коруно таҷрибаи кофӣ пайдо карда, феълан, аксари сироятшудагон шифои комил ёфта истодаанд.

Вале ин гуфтаҳо мазмуни онро надоранд, ки нисбат ба бемории мазкур фориғболу камаҳамият бошем. Аз рӯи мушоҳидаи коршиносон як муаммои ҷиддии ҷомеаи мо дар шароити пандимия ҳамин фориғболист.

Ба гуфтаи мутахассисон ҳавои сард ба паҳншавии вирус мусоид аст. Сармо аз худ кайҳо дарак дода ва эҳтимоли сироятёбӣ ҳам бештар шудааст. Бинобар ин, духтурон ҳушдор медиҳанд, ки дар мавсими зимистон ба қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ риоя намуда, ҳамеша эҳтиёткор бошем.

Чанде пеш Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум хост, то қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд. Аз ҷумла, чорабиниҳои тантанавии солинавиро манъ карда, сайру гашт дар мавзеъҳои истироҳатӣ бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат дода шуд.

Мутаассифона, имрӯз дар бисёр ҷойҳои ҷамъиятӣ мушоҳида мекунем, ки мардум аксаран масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд. Мувофиқи тавсияи мутахассисон масофаи байниҳамдигарӣ бояд аз 1,5 то 2 метрро ташкил диҳад. Ин муқаррарот, ки дар бисёр маврид сарфи назар мешавад, як воситаи асосии пешгирӣ аз паҳншавии вирус аст.

Собит шудааст, ки вирус асосан бо роҳи қатрагӣ, яъне, ҳангоми сулфаву атсазанӣ ё нафаскашӣ ба нафари дигар интиқол меёбад. Чораи муҳими ҳифз аз вирус ин пӯшидани ниқоби тиббӣ мебошад. Вале бо вуҷуди таъкидҳои батакрори духтурон ҳастанд нафароне, ки ин қоидаи маъмулро ба эътибор намегиранд. Мутаассифода, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бисёр нафаронеро дучор мешавем, ки ниқоб надоранд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо хусусан наврасону ҷавонон нисбат ба ин масъалаҳо кам эътибор медиҳанд, ки ин оқибати хуб надорад. Духтурон мегӯянд сирояти вирус ба кӯдакон кам иттифоқ меафтад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки онҳо метавонанд нақши интиқолдиҳандаи вирусро иҷро кунанд. Ҷавонон ҳам айнан чунин. Организми ҷавонон, ки иммунитети баланд дорад, метавонад бо ҳаргуна вирусҳо бевосита мубориза барад ва ин ҳолат хатарҳои гирифторшавии онҳо ба бемориро кам мекунад. Дар сурати сироят ёфтан низ аксаран бемориро сабук мегузаронанд. Вале онҳо низ ҳамчун интиқолдиҳанда боиси сироятёбии падару модар, бобову бибӣ ва дигар наздикон шуда метавонанд. Бо ҳамин назардошт табибон мегӯянд, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ натанҳо барои худамон муҳим аст, балки барои ҳифзи саломатии дигарон низ имрӯз масъулият дорем.

Дар Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Поёни ҳар ҳафта дар тамоми факултаҳо корҳои безараргардонӣ амалӣ карда шуда, вазъи беҳдоштӣ ба таври ҳамешагӣ зери назорат қарор дорад. Аммо ҳифзи саломатӣ бештар аз ҳама дар дасти худи инсон аст. Риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ омили асосии эмин мондан аз ин вируси вогир барои мо ва наздиконамон мебошад.

Қ. Қурбонов, сармуҳаррири

рӯзномаи “Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ