​Нигоҳдошти фарҳанги миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ

Таҳкими давлатдории миллии мо дар замони омезиши шадиди арзишҳо талошҳои созанда ва муқовимати устувори фарҳангиро тақозо менамояд. Маҳз аз ҳамин сабаб, таъмини амнияти фарҳангӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини амнияти давлатию миллӣ маҳсубёфта, дар роҳи ба амал баровардани он чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Ба сифати таҳдидҳо дар ин раванд девалватсияи арзишҳои маънавӣ, тарғиби намунаҳои маданияти оммавии ба зӯроварӣ асосёфта, назарфиребии иттилоотӣ ва ғайра пазируфта мешаванд. Ногуфта намонад, ки нигоҳдошти забон ва фарҳанги миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ ба сифати масъалаҳои калидӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ боқӣ мемонанд.

Арзишҳои миллию давлатдорӣ арзишҳои муҳиму ивазнашавандае мебошанд, ки новобаста ба манфиатҳои сиёсӣ, мавқеъ ва ақидаҳо аз ҷониби аъзои ҷомеа бояд ҳифз карда шаванд. Бахусус, дар замони муосир, ки муқовиматҳо дар самтҳои гуногун бо шаклу намудҳои гуногун идома доранд, ин рисолат бояд ҳаматарафа иҷро гардад.

Таҷрибаи иҷтимоӣ собит месозад, ки дар раванди нигоҳдошт, ҳифз ва интиқоли арзишҳои миллию фарҳангӣ нақши занону модарон басо бузург аст, ки қодиранд, робитаро байни наслҳо мустаҳкам намуда, устувории ҳуввияти миллиро таъмин намоянд. Ин рисолат дар замони муосир аҳамияти махсус пайдо кардааст. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳуввияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад.

Имрӯз ватани азизи мо макони баргузори чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ гардидаст. Мо имрӯзҳо дида истодаем, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии фарҳангу забони миллат дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ гуна талош меварзанд.Маҳз ҳамин сабаб буд, ки санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Мо аз он ифтихор мекунем аз баҳори соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз ва Конференсияи байналхалқӣ дар ин мавзӯъ доир мегардад. Солҳои истиқлолият барои пешрафт ва инкишофи ватани азизи мо шароити хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳайё гардид. Аз осудаҳолӣ ва оромию осоиштагии ватани азизи мо мардуми ҷаҳон огоҳӣ ёфта, рӯ ба ҳамкорӣ овардааст. Боздиди саёйҳон аз Тоҷикистон торфт меафзояд. Зимнан вақте ки шахс аз забони намояндагони миллатҳои гуногуни олам ситоишро дар бораи ин сарзамини биҳиштосо мешунавад, дил ба фараҳ меояд.

Дар ҳақиқат бо як дурандешии хирадмандона эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятро барои зиёдтар омадани сайёҳон, ки натиҷаи он аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид аст ва боиси рушди ин соҳа, пайдо шудани имкониятҳои хуб барои тараққӣ додани инфрасохтори ин соҳа мегардад, арзишмандтарин иқдом аст.

Ҳар халқу миллатро фарҳангу ҳунар, анъанаҳои миллӣ ва эҷодаш ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Солҳои охир бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои халқӣ, эҳёи онҳо аҳамияти хоса зоҳир карда шуд. Имрӯз мо дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз эҷози ҳунарҳои оҳангарӣ, бофандагӣ, резандагӣ, чокдӯзӣ, гулдӯзӣ, гулкориҳои рӯи чӯб ва пазандагиро мебинему мешунавем. Атласу адрас, куртаҳои чакану қуроқ, таомҳои миллии мақбули ҳамагон гашта, даҳҳо бонувони хонанишинро боҳунару соҳиби касбу кор ва ризқу рӯзӣ намуд.

Соли 2018 ва минбаъд меҳмонону сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар вуруд хоҳанд кард ва аз гӯшаҳои зебоманзари он дидан намуда, бо фарҳангу таърихи куҳани тоҷикон ошно гардида, аз обҳои ширини чашмасорони он нӯши ҷон карда муаррифгари ватани азизи мо хоҳанд шуд.

Боиси хурсандист, ки иқдоми Пешвои миллат солҳои минбаъда ҳам идома меёбад. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаашон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Дар ин радиф, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуда, саросари мамлакатҷиҳати амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳо ҷараён доранд.

Акнун вазифа аз он иборат мемонад, меҳмонавозиро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем, барои онҳо шароити хубу созгорро муҳайё гардонем ва бори дигар таҷассумгари тоҷикони тамаддунофар бошем. Зеро меоянду мебинанд ва номамонро мебаранд.

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,

Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номукин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб.Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Заҳмату кору ҳунар касро намонд номдор,

Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

Шахси ҳунармандро як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро ба ҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳозир мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилеро дида, бешубҳа, онро ҳунармандони бузургро номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеояд. Барҳақ гуфтаанд:

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Музди меҳнати бузурги кас, агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар омӯхтани ҳунари бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш, душворие доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянду ҳунаре омӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад.

Тавре бузургон мегӯянд: “Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст”.

Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намешавад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне, ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намояд, ки боиси рӯзгузарониаш шавад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад. Шахсе, ки устувории ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои манбаи омӯзиш бошад. Ба гуфти Кайковус: “Мардуми бехирад мардумони бесуданд, чун муғулон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд мекунад, на дигаронро”. Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузурги ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад. Дар дунё каси беайб нест. Лекин кӯшиш бояд кард, ки ҳунарманд бояд буд, зеро каси ҳунарманд беайб аст. Дӯстонро низ ҳунарманд бояд интихоб кард, зеро дӯсти беҳунар занҷири костаро мемонад, ки бо андак боэътиноӣ канда мегардад ва ҳангоми душворие зуд мегурезад.

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Ҳунарманд, ҳарчанд камбудиву нуқсони зиёд дорад,бо дастранҷи бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст, чизе офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад. Модоме, ки бекорӣ дард меоварад, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунари волое ба даст овард. Дастболо буд, мӯҳтоҷ нагардид, зеро ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад, ҳунаромӯз дар ҳолате, ки набошад мекӯшад, чизеро омӯзад, ҳунарашро сайқал диҳад, машҳур ва созгори атрофиён гардонад.

Хулоса, ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист, назокатунафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб намояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст. Ин гуфтаҳоро он шахсе медонад, ки худ аз ин огаҳӣ дошта бошад. Ман, ки худ дар оилаи ҳунарманд ба воя расидаам аз ҳама душвориҳову нозукиҳои ҳунар огаҳ ҳастам. Модарам ки ҳунарманд ҳастанд ва ҳунари юрмадӯзӣ доранд, доимо ба мо фарзандон борҳо таъкид карда мегӯянд:

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ,на дарбандӣ.

М. Азизова, сармуаллимаи кафедраи фонетика ва лексикологияи

забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ