​Марди накӯном намирад ҳаргиз...

Онҳое, ки давоми зиндагӣ манфиати умумро аз манфиатҳои шахсӣ боло медонанд, пайроҳаи зиндагиашон на танҳо намунаи ибрат, балки намоди хуби пайравӣ ҳам ҳаст.

Муҳаммадҷонов Набиҷон аз зумраи чунин устодони некноме буданд, ки бо рафтори хушу хислатҳои наҷиб дар дидаи ҳамкорону шогирдон, ҳамакнун дар ёдҳо низ ҷовидон боқӣ хоҳанд монд.

Мавсуф санаи 28 декабри соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи шуъбаи физика ва асосҳои истеҳсолоти факултети физикаю математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров. Фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи устои таълимии кафедраи асосҳои истеҳсолоти факултети техникии ДДОЛ оғоз намудаанд.

Маҳз масъулиятшиносӣ ва маҳорати баланди устод Муҳаммадҷонов буд, ки дере нагузашта ӯро ба вазифаи сармуаллими кафедра ба кор қабул намуданд.

Номбурда давоми фаъолияташон аз фанҳои конструксия ва маҷмӯи масолеҳҳои техникӣ, технологияи мошиншиносӣ, ҳифзи меҳнат, коркарди механикии филизот, назария ва амалияи буриш ба донишҷӯёни ихтисоси технология дарс гуфтаанд.

Ҳамзамон, устод Муҳамадҷонов Набиҷон дар самти илм як қатор корҳои арзишманд анҷом додаанд. Мавсуф муаллифи дастури таълимӣ- методӣ «Коркарди дастии филизот» (қисми 1 ва 2); китоби дарсии «Коркарди механикии филизот» ва комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни конструксия ва маҷмӯи масолеҳҳои техникӣ мебошанд, ки барои донишҷӯёни ихтисоси технология, омӯзгорони ояндаи фанни технологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун як дастури муфид шинохта мешавад.

Устод Муҳамадҷонов Набиҷон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстиву хоксорӣ, серталабӣ байни устодону шогирдон ва ҷомеаи донишгоҳ соҳиби обрӯю эътибори махсус буданд.

Ҷомеаи меҳнатии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз марги устоди зиндаёд Муҳамммадҷонов Набиҷон андуҳгин буда, ному ёди эшонро гиромӣ медоранд.

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ