Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд

Онҳое, ки бо аъмолу хисоли наҷиб ба дилҳо маскан мегиранд, ҳатто баъди марг низ дар ёдҳо зинда мемонанд. Дар ин маврид Саъдии бузург барҳақ фармуда: “Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд”.

Ин субҳ қалби бонуе аз таппиш бозмонд, ки намунаи ибрат барои шогирдону ҷомеаи донишҷӯёни донишгоҳ буд.

Бобоҷонова Малоҳат Ҷумъаевна. Профессор, доктори илмҳои биология. Зани хирадманду фарҳехта, инсони нексиришт ва устоди асили шогирдон.

Мавсуф 2 июли соли 1952 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1977 факултети ҷуғрофия ва табиатшиносии Донишкадаи педагогии ба номи С. М. Кировро хатм карда, фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси лаборанти кафедраи ботаникаи Донишкадаи педагогии ба номи С. М. Киров оғоз намуд.

Номбурда давоми фаъолияти пурсамар зинаҳои гуногунро, шуруъ аз муаллими оддӣ то мудири кафедра ва декани факултет сарбаландона тай намудааст.

Маҳз фидоӣ ва садоқати ӯ ба касби пуршарафи омӯзгорӣ буд, ки Малоҳат Бобоҷонова ба дастовардҳои нек ноил гардид. Соли 2008 ӯро бо унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз намуданд. Дорандаи даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳо буд ӯ.

Шуруъ аз соли 2013 то канда шудани риштаи умр дар вазифаи профессори факултети Биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъолият дошт.

Дареғ, ки ҳамакнун дили боз як инсони шариф аз тапидан бозмонд. Аммо, номи неки ӯ дар дилҳои ҳамкорону шогирдон мондагор аст. Зеро: “Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст”.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ