​К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро...

Ҳарчанд устоди асил, шарқшиноси варзида, сармуаллими кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Темуров Даврон дигар дар байни шогирдону пайвандон нест, аммо аъмоли неку хислатҳои наҷибаш номи ӯро зинда медорад.

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақагири дорои моҳияти ҷумуриявӣ, марди наҷибу хоксор Даврон Темуров аз зумраи фидоиёни касб ва устодони асиле буд, ки ҷиҳати тарбияи насли наврас саҳми муассир гузоштааст.

Мавсуф соли 1976 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленини шаҳри Душанберо аз рӯйи ихтисоси филолог-шарқшиносхатм карда, фаъолияти педагогиашро ба ҳайси омўзгори алифбои ниёгон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии№ 23 шаҳри Хуҷанд оғоз намуда буд.

Номбурда барои меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамар бо як қатор мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Грамотаи Президиуми Советии Олии СССР, медали «Барои хизматҳои ҷанговарона» (47 адад), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилояти Суғд сарфароз шудааст.

Даврон Темуровбо кирдору рафтори наҷибаш дар байни устодону донишҷӯён соҳибэҳтирому соҳибнуфуз буд.

Ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ номи шодравон Даврон Темуровро ба некӣ ёд намуда, хотирашро гиромӣ медоранд.

Ёди инсони шариф Даврон Темуров ба хайр!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ