​Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист...

Сулаймонов Мирзофирӯз Хайруллоевич. Ин ном барои ҷомеаи устодону донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” азизу ошност. Аз ӯ ҳамчун устоди сахтгиру серталаб, роҳнамои асилу фидоии касби пуршарафи омӯзгорӣ ёд мекунанд.

Номбурда 2 ноябри соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Фаъолияти омӯзгориро соли 1996 дар кафедраи санъати ороиши амалии факултети рассомӣ-графикӣ оғоз намуда, солҳои 2000 – 2002 дар ҶДММ “Нигор” ба ҳайси рассом-ороишгар фаъолият дошт. Шуруъ аз соли 2002 дар кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти омӯзгориро идома додааст.

Сармуаллими факултети санъат, узви Иттифоқи дизайнерони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии фаъоли намоиши корҳои эҷодии рассомони шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ - намоиши рассомони ҷавони вилояти Суғд, чеҳранигорӣ, “Баҳор - 2010”, фестивали байналмилалии “Аражанг – 2002”. Мавсуф аз соли 2017 аъзои барномаи ташкилоти байналмилалии USAID“Бо ҳам бихонем ” барои хонандагони наврас буд.

Ҳамкасбону шогирдон аз Сулаймонов Мирзофирӯз ҳамчун инсони шариф, омӯзгори садоқатпеша ва ватандӯсту худшинос тавсиф мекунанд.

Ҳарчанд имрӯз Сулаймонов Мирзофирӯз миёни шогирдон нест, ҳамоно ёди ӯ дар дилҳо зинда аст. Ба қавле: "Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд".

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ