​Сарзанишу нафрати ҷанг дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ

Бо ин ки Фирдавсӣ достонсарои ҷангҳост ва беҳтарин васфҳоро аз майдонҳои ҷанг ва ҳунарнамоии ҷангҷўён дар «Шоҳнома» мехонем, бо ин ҳама дили нозуку меҳрубони ў аз ҷангу хунрезӣ нафрат дорад ва онро ногузиру ҳукми сарнавишт медонад. Ҳакиме, ки оғози асари худро ба номи «Худованди ҷону хирад» ибтидо кардааст, мусаллам аст, ки арзиши ҷони инсонҳоро хуб бидонад, ҳатто қадри ҷони мурчаи донакашро ҳам ба хубӣ медонад. Ҳамин ҷанг буд, ки некону диловаронеро мисли Эраҷ, Сиёвуш, Фуруд, Исфандиёр, Суҳробро ба коми худ кашид. Ҳакими тарбиятгар дар мавридҳои зиёд ҷангро сарзаниш кардааст. Аз забони Пирони Виса ба Рустами Дастон, ки як умр муҳофизу мубориз буд, мегуяд:

Маро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,

Набояд гирифтан чунин кор танг!

Дар муборизаи Рустаму Исфандиёр шоир нишон медиҳад, ки Таҳамтан кўшиши фаровон кардааст, ки Исфандиёрро аз ҷанг бо худ боздорад, вале муваффақ нашудааст ва дар охирин лаҳзае, ки тирро ба суйи чашми Исфандиёр раҳо мекунад, ба Яздони пок ниёиш мекунад, ки ин кор ба хости ў сурат нагирифтааст :

Ҳамегуфт, к:- Эй пок дидори ҳур,

Физояндаи донишу фарру зур.

Хамебинӣ ин пок ҷони маро,

Тавони маро, ҳам равони маро,

Ки чандин бипечам, ки Исфандиёр

Магар cap бипечонад аз корзор.

Ту донӣ ба бедод кушад ҳаме,

Ҳаме ҷангу мардӣ фурушад ҳаме.

Ҷангҳои мардуми эронитабор дар «Шоҳнома» ҳеҷ гоҳ ба мақсади кишваркушоӣ ва тасарруфи сарзамини дигарон, ё маҷбуран бор кардани кешу ойини хеш ба касе набуд. «Шоҳнома» вассофи хунрезиву ғасбгароӣ нест, балки ҳамосаи мардумист барои дифоъ аз ҳастии милливу пойдории абадӣ дар баробари ҳар чӣ аҳриманӣ бошад. Ва он ҷангҳои Фаридуну Манучеҳр бо Салму Тур ба кинхоҳии Эраҷ ва ҷангҳои Рустаму Кайхусрав ба кинхоҳии Сиёвуш нишони ғалабаи адолат бар ноадолатиҳост ва баргаштани подош ба золимон. Фирдавсӣ аз забони Рустам дар ин бора чунин нигошта:

Ба Яздон, ки то дар ҷаҳон зиндаам,

Ба кини Сиёвуш дил огандаам.

Бар он ташти заррин куҷо хуни уй,

Фурў рехт нокордида Гуруй.

Бимолид хоҳам ҳаме рую чашм

Магар дар дилам кам шавад дарду хашм.

В-агар хамчунонам бувад баста ҷанг,

Ниҳода ба гардан дарун полҳанг.

Ба хок андарун хор чун гусфанд,

Кашандам ду бозу ба хами каманд.

В-агар на, ману гурзу шамшери тез,

Барангезам андар ҷаҳон растахез.

Набинад ду чашмам магар гарди разм,

Ҳаром аст бар ман маю ҷому базм,

Фалсафаи зиндагӣ ҳамин аст, ки беадолативу золимӣ ва бадӣ на-бояд бе ҷазо(кайфар) бимонад, вагарна бедодиҳо оламро фаро хоҳад гирифт:

Нигар то чӣ гуфтаст марди хирад,

Ки ҳар кас, ки бад кард, кайфар барад.

Афросиёб Сиёвушро мекушад ва худ ба дасти писари Сиёвуш кушта мешавад, Рустам Суҳробро ва Исфандиёрро ба найранг мекушад, худ низ ба найранги бародар дар чоҳ ҷон месупорад, он бародари нобакор ҳам ба тири Рустам ба дарахт духта мешавад.

Фаридун бо таваллуди наберааш Манучеҳр шод мешавад, ки интиқоми Эраҷро хоҳад гирифт. Кайхусрав ба хунхоҳии Сиёвуш бо Афросиёб ҷангҳо мекунад ва пеш аз куштани Афросиёб ба ў мегуяд:

Ба кирдори бад тез биштофтӣ,

Мукофоти бадро бадй ёфтӣ.

Кунун рузи бода фараҳи эзадист,

Мукофоти бадро зи Яздон бадист.

Ҳурмузи Хурдод Моҳуи Суриро, ки қасди куштани Яздугирдро дошт, сарзаниш мекунад ва мегўяд, ки ҳар он кас ки бадкорӣ мекунад, Худованд лоиқ ба амалаш подош хоҳад дод. Фирдавсӣ ба ҳамин роҳ нишон медиҳад, ки рехтани хуни ноҳақ боиси марги худи ҳамон каҳрамон хоҳад шуд ва тарбият мекунад, ки мо бояд ин пандро нодида нагирем, дар мисоли он ки аз саргузашти каҳрамонон дар боло далел овардем.

Аз муҳтавои сурудаҳои суханвари тусӣ бармеояд, ки ки ҷангҳои далерону гурдони ниёгонаш нишоне аз муҳофизати марзу бум ва дўстдории сарзамин ва як пора хоки он аст. То вакте имкон ҳаст бояд сулҳ кард, набояд даст ба ҷанг зад ва то душман ҳамла накарда бошад, набояд ба ў ҳуҷум намуд. Ба душмане, ки таслим шуд, набояд озоре бирасад. Ҳангоми ғалаба меҳрубонӣ ба асирон, эмин доштани занону кўдакон, парҳез аз вайрон кардани шаҳрҳо, ойини ҷавонмардӣ дар майдони набард аст. Барои намуна дастурҳоеро, ки Кайхусрав ҳангоми фиристодани Гударзи Кашводагон ба ҷанги ёздах рух дода, ба ҳайси мисол меоварем:

Нигар, то наёзӣ ба бедод даст,

Нагардонӣ айвони обод паст.

Ба кирдори бад ҳеҷ макшой чанг,

Барандеш аз дудаву ному нанг.

Касе, к-ў ба ҷангат набандад миён,

Чунон соз, к-аз ту набинад зиён.

Ба ҳар кор бо ҳар касе дод кун,

Зи Яздони неки динаш ёд кун.

Ҳангоми ҷанг дар майдони набард ҳам Кайхусрав ба сипоҳиён чунин фармон медиҳад:

Зи туркон ҳар он кас, ки фармон кунад,

Дил аз ҷанг ҷустан пушаймон кунад.

Масозед ҷангу марезед хун,

Мабошед касро ба бад раҳнамун.

В-агар ҷанг ҷўяд касе бо сипоҳ,

Дили кинадораш наёяд ба роҳ,

Шуморо ҳалол аст хун рехтан,

Ба ҳар ҷой тороҷу овехтан.

Ҳамин тариқ ба хулосае метавон омад, ки ҷангу хунрезӣ дар тамоми даврон сабабгори мусибату бадбахтӣ, вайрониву ҷудоиҳо буда, ҳазорон нафарро овораву саргардон, бехонаву манзил, беватану маҳрум аз пайвандон менамудааст. Аз ин рў ҳакими тусӣ аз забони паҳлавонони асар ба мардумони олам панд медиҳад, ки даст аз ҷангу ҷидоли беҳуда бардошта, роҳи сулҳу субот, осоишу оромиро пеша гиранд ва аз паи ободу пешрав намудани сарзаминашон гарданд, хештанро бо хираду накўкорӣ, фарҳангу ҳунаромўзӣ пероя диҳанд, зеро ҷовидонии номи инсон ба донишу рой ва ҳунару амали шоистаи ў вобаста мебошад.

Зи доно бипурсид пас додгар,

Ки фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?

Чунин дод посух бад-ў раҳнамун

Ки:- Фарҳанг бошад зи гавҳар фузун.

Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад,

Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.

Маҳмадшоев М., устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ