​Худшиносии миллӣ сарчашмаи амнияти миллии ватан

Ҳеҷ чизе арзандатар аз огаҳӣ нест , ҳеҷ ганҷе шоистатару волотар аз хирад нест, ҳеҷ аз ифтихоре ҷузъ аз хештан6шиносию доноӣ нест. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣРахмон чунин қайд намудааст: “Инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда ,дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ногаҳ монда,чун махлуқи одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад”.

Дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол боядарзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин миллати тоҷик бахусус, ҷавонону наврвсони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлвтдории халқи худ огаҳ бошанд ва вобастаба дигаргуниву таҳаввулоти ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллиитоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гашта, моҳияти асосии ин дар он аст, ки ба ҳамаи шаҳрвндон имкон дода шудааст, то ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи сиёсати давлати хеш бошад. Рушди минбаъдаиҶумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ,фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худогоҳии миллидошта вобаста аст.

Баъди пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти миллӣ гашт, ки ин ба аввали солҳои наваддуми садаи 20 рост меояд. Истиқлолияти давлвтӣ дар тақдири миллати озодихоҳи тоҷик неъмати бебаҳо ва ормони деринае буд ва воқеан расидан ба чунин туҳфаи бебаҳои замон барои ин мардуми озодаманиш шодиовар буд. Аммо мутаассифона, хурсандии тоҷиконро чашми ҳасадолуди душманони бадхоҳи маллат халалдор сохт ва дар ин муддат гуруҳҳое пайдо шуданд, ки ба хотири амалӣгардонидани манфиатҳои ғаразноки худ сарзамини Тоҷикистони тозаистиқлолро ба коми ҷангу муноқиша кашиданд. Дар натиҷа дар сарзамини кишварамон ҷанги бераҳмонае сар зад, ки дар саҳфаҳои таърихи кишварвмонбо ҳуруфи сиёҳ бо номҳои “ҷанги шаҳрвандӣ”, “ ҷанги бародаркуш” сабт ёфтааст. Барои миллате, ки нав ба истиқлолият барин неъмати бебаҳо муяссар гардида буд, аланга гирифтани ҷанги хонумонсўз хеле харобиовар ва хавфнок буд. Ҳатто хатари аз байн рафтани миллати тоҷик ба миён омад. Дар ҳамин марҳалаи басо мураккабу вазнин, кивазъи давлату ҳукуматфалаҷ буд, фарзанди барўманди миллати бебоки тоҷик Эмомалӣ Раҳмон масъулияти миллатро ба зимма гирифта, шўълати ҷангихонумонсўзи шаҳрвандиро бо ҷидду талошҳо, андешидани чораҳои зарурӣ барои амнияти миллӣ хомўш кард.

Чеҳраи дурахшони сиёсатмадор ва шахсияти ЭмомалӣРаҳмонро бе арзишҳои миллӣ, аз қабили истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тасввур наметавон кард. Зеро ки камолоти шахсият ва рисолати сиёсииў парварда ва маҳсулиин арзишҳост. Ин абармард ба оини давлвтдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондўстӣ ва покнажодии ниёгонамон меҳру садоқати беандоза дошта, меҳварисиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро андар тору пуди ин ғоя сириштааст. Ӯ ҳамчун чеҳраи мондагори таърих ва фарҳанги замони муосир ба ҳифз ва бузургдошти оини давлвтдорӣ, суннатҳотимардумӣва арзишҳои умумибашарӣ пардохт. Таърихи пуршукўҳи ориёи нажодҳоро аз фаромўшӣ ва хатари нобудшавӣ нигоҳ дошта, оину фарҳанги ниёгонро муваффақ гардонид.

Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаитаърихи халқ, як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ омада мерасад. Воқеияти таърихӣ танҳо зодаи афкору ақидаи ҳақиқати маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегардад. Дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмонзикр намудабуданд: ”Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳуснуфаъолияти корбарии ў сарфаҳм рафта , ба ин восита қадаме ба сўи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем. Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд”.

Дар ҳама давру замон унсури маънавӣ дар шууримиллии мардум нақши муҳими созанда ва бунёдгузорӣ дорад. Ин омил барои ба даст овардани истиқлол ва худшиносии миллӣ ва ҳамгироии омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва пешрафти давлат ва бақову ҳастии онро таъмин менамояд. Барои ба даст овардан ва устувопр гардонидани ин ғояҳои олии сарнавиштсоз дар баробариистиқлолияти сиёсӣ, таъмини истиқлолияти фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳим ва пуршарафи зиёиёни эҷодкормебошад. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ истиқлоли фарҳангӣ ва бунёди маънавӣ шарти аввал дар таъминибақои умри миллат аст.

Истиқлолияти фарҳангӣ роҳе ба сўи эҳёи миллӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ буда, миллатро аз роҳи маънавият ба арсаи олам мебарорад.

Зуҳури давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ барои миллати тоҷик аз муқаддастарин неъмати тақдиру таърих ба шумор меравад. Ташаккул, татбиқ ва амалӣ намудани сохти давлатдории ҳуқуқбунёд, идоракунии демократӣ ва таъмини волоияти адолат дар сарзамини Тоҷикистон маҳз бо талошҳои роҳбари оқилва одили мо ба даст омадааст.

Дар солҳои баъди истиқлолият тарбияи ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ҷои асосиро дар раванди тарбия ишғол менамояд. Қобили зикр аст, ки тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии педагогикаи муосир ба ҳисоб меравад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои дорои ахлоқи баланди инсонӣ, ҳувияти миллӣ, инсондўстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, ташаббускорӣ,таҷассумкорӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комили ҷомеа, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари волои ҷомеа мебошад. Тарбияи миллӣ бо истифода аз таҷрибаинасли калонсол дар ниҳоди шаҳрвандон тақвият додани анъанаҳои миллии гузаштагон,масалан, одамият, эҳтироми калонсол,меҳмондўстӣ ва амсоли онҳоро дар назар дорад. Тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандон, ифтихор аз миллатихеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва меросӣ фарҳангӣ ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани анъанаи арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтиромимиллатҳоидигарро дар назар дорад, таъкид карда шудааст дар Консепсияи миллии тарбия.

Таърихшиноси тоҷикАбулфазли Байҳақӣ ҳазор солмуқаддам гуфта буд: “Нахустинсифати инсони хуб он бошад, ки бишносад зоти хеш, зеро чун зоти хеш бидонист, чизҳоро дарёфт, ҳар касе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонаддонист”.

Миллат дар сурате ба сатҳи баланди хештаншиносӣ мерасад, ки таърихи гузашта ва сарватҳои фаровонии маънавии онро пурраю мукаммал фаро бигирад. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо омўзгорон бедор карданиҳисси ифтихормандӣ аз миллати хешдар ниҳоди шогирдон буда, барои ҳар як шаҳрвандони тоҷик ифтихори миллӣ, ин пеш аз ҳама таърихи гузаштаи тоҷикон мебошд. Халқи тоҷик дорои таърихи хеле қадима буда, сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки давлатдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳои басо дур рафтааст, ки аз сарчашмаҳои асотирӣ ва ривоятҳо оғоз мегирад.
Давраи подшоҳии сулолаи Пешдодиён ва Каёниёнро аз ҷумлаи давраи асотирию нимасотирӣ маънидод намуданд, ки он манзараи оғози тамаддуни ниёгони моро фаро гирифтааст.

Давлатдории сулолаи Каёниён зинаи аз асотир ба воқеияти таърихӣ гузаштан будааст. Сарчашмаҳо исбот карданд, ки тоҷикон дар Осиёи Миёна ягона халқиориёинажод будаанд. Маводҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки доираи ташаккули халқи тоҷик сарзаминипаҳноварест, ки бо номи умумии Ориёно ва сипас Бохтару Суғд машҳур гаштааст. Ифтихори ҳар як фарди тоҷик таълимоти Зардуштӣ ва китоби муқаддси он “Авесто” мебошад, ки тамоми масоили худшиносӣ, ахлоқ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсат ва фалсафаро дарбар мегирад. Зардушт аз ибтидои фаъолияташ таҳти шиори “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” мардумро ба ҳаёти осоиштаву саодатҳидоят намудааст.

Чи тавре, ки таърихи гузаштаи миллат шаҳодат медиҳад Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд. Забони модариронигоҳ дошта, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангироҳифз намоянд. Маҳз дар ҳамин давра Рўдакии бузург, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, ки эҷодиёти онҳо тарғибкунандаиилму дониш, ватандўстӣ, хештаншиносӣ, кўўшиш барои истиқлолияту озодӣ, фидокорӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, дўстию рафоқат мебошад,мазмуни назарияи тарбияи муосири миллиро бой мегардонад. Ин давраҳо чун давраҳои ҷамъбасти ташаккулёбиихалқи тоҷик ва ба авҷи камолот расидани давлату давлатдории тоҷикон дар таърих эътироф шудааст.

Чунончи, таърих шаҳодати медиҳад, ки Марҳилаи нави таърихии Тоҷикон дар давоми ҳазорсолаи нав, ки бо номи Истиқлолияти миллӣ пайвастааст. Ҳаёти нав, рўзҳои босаодату бошарофатро ба миллати соҳибтамаддун эҳё намудааст.

Албаттарасидан ба Истиқлолияти коммуникатсионӣ дар заминаи ифтитоҳ, таҷдиду тамири роҳҳо, кушодани нақбаҳо, истиқлолияти энергетикӣ бо шеваи таҳияи тарҳи лоиҳаҳои ҷадид дар бахши сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ, бунёди бузургтарин нерўгоҳи барқии обии “Роғун” ислоҳоти кулли соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва мусоидат дар ҷаҳонишавии низоми таълим ва тандурустӣ аз муҳимтарин дастовардҳо мебошанд, ки ба шарофати истиқлолият ва бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон барои халқи мо насиб гардид.

Миллати тоҷикпас аз якчанд қарнҳо боз тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мавқеи худро пайдо карда бошад.Баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ меҳани мо дар марҳилаи бунёди давлати демократӣ ва соҳибистиқлол душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронид, ки таърих худ гувоҳ ва пайгири ҳамаи он мебошад.

Дастовардҳое, ки зери роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ кишварамон комёб гардидааст, хело бузург аст. Албатта, ин шахсият Президенти кунунии давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тайи беш аз25 соли роҳбариаш тавонист бо иродаву фазилати худ ва ғояи хирадмандонааш, пеш аз ҳама, кишвар ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳодода,истиқрори сулҳ ва гурўҳҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси ғояҳои нав ва арзишҳои миллӣ муттаҳиднамуда,бо сиёсати хеш роҳи демократиро дар кишвар вусъат дода, ҳамкории тарафайн бо созмонҳову давлатҳои хориҷӣ барпо карда, мавқеи устувори Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амсолипроблемаи оби нўшиданӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бар зидди маводҳои нашъаовар нишон дода, иқтисодиёти кишварро аз буҳрон раҳо дода, ба сатҳи маърифати шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон таваҷҷўҳи хосае зоҳир намуд. Инчунин се стратегияиасосиирушдиҷомеаиимрўзаи Тоҷикистонро пеш гирифт, ки он мақбули тамоми қишри ҷомеа гардидааст: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва роҳ ба сўи истиқлолияти энергетикӣ.

Ҳамаи ин гувоҳи хидматҳоиПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмонмебошад, ки бо ташаббуси созандагиву сулҳҷўёна имрўз кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда,тамоми сохторҳои ҷомеаро густариш додааст.

Ҳамаи дастовардҳои истиқлолият,эҳё намудани тамаддун, урфу одат ва арзишҳои миллӣ ба тарбияи ҷавонон нақши муҳим мегузорад. Дар назари аввал истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон, ки ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардидани маҷмааи Саразми Қадима мебошад,ки қарори он дар созмонҳои фарҳангии СММ – ЮНЕСКО ба тавсиб расида буд. Дар баробари ин ҷаҳонӣ шудани Наврўз ҳамчунин дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикон арз ёфтааст.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид кардаанд,ки баробар бо омўзиши илмҳои муосир ва технологияи ҷадид ҷавонони мо бояд ба фарогирии таърих ва фарҳанги бузурги миллӣ ва забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ