Роҳҳои таъмини амнияти ғизоӣ

Мафҳуми «амнияти ғизоӣ» ҳам дар адабиёти мо ва ҳам дар адабиёти хориҷӣ хеле маъмул аст. Тадқиқотчиёни хориҷӣ Г, Конуэ ва Э, Барбер амниятн ғизоиро чунин шарҳ додаанд: «Амнияти ғизоӣ кафолати доимии ба аҳолӣ дастрас гардидани миқдори зарурии маводи ғизоӣ баҳри таъмини ҳаёти солиму фаъолро муайян мекунад ва дар мамлакатҳои тарқикардаи дунё, ин ноустувории амнияти ғизоии глобалӣ набуда, балки дар натиҷаи норасогии имконияти харидории истеъмолгарон ба миён меояд».

Гуфтаҳои болоро Ю.С.Хромов чуқуртар таҳлил карда, чунин мешуморад, ки амнияти ғизоии мамлакат - ин ҳамин гуна вазъи иқтисодӣ мебошад» ки дар он кафолати таъмини «ба тамоми аҳолӣ дастрас гардидани микдори зарурии маводи ғизоӣ барои таъмини ҳаёти солиму фаъол мебошад».

Амнияти ғизоӣ доимӣ ва муваққатӣ мебошад, ки ба фаркияти ин ду мафҳум Бонки ҷаҳонӣ равшанӣ андохтааст:

1. Хатари доимии маводи ғизоӣ - ин ҳамин гуна вазъияте мебошад, ки дар он мамлакат, ноҳияҳои он, гурӯҳи аҳолӣ, оила хатари доимии маводи ғизоиро дарк мекунанд, агар истеъмоли доимии маводи хӯрокворӣ бо сабаби дастрас карда натавонистан аз сабаби нарасидани даромади пулӣ ва ё истеҳсоли миқдори зарурии маводи ғизоӣ нокифоя бошад.

2. Хатари муваққатии ғизо. Ин вазъияти даврӣ суда, дар натиҷаи ноустувории дастрасшавии ғизо, баландшавии нарх ба маводи ғизоӣ, беҳосилӣ, пастшавии даромади аҳолӣ ба миён меояд.

Аз ин чунин хулоса метавон кард, ки амнияти ғизоӣ ин дар як сатҳи муайяи нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ буда, он ба тараққиётиустувори иқтисодӣ ва пойдории иҷтимоӣ -- сиёсӣ дар ҷомеа бояд кафолат диҳад. Ин ду омил асоси амнияти миллӣ мебошад. Амнияти ғизоии байналхалқӣ аз рӯи ду нишондиҳаидаи муҳим муайяи карда мешавад:

1. Ҳаҷми захираи гузарандаи гандум дар ҷаҳон, ки то ҳосили оянда боқӣ мемонад. Ин нишондиҳанда ҳам чун давомнокии (шумораи рӯз) истеъмоли умумиҷаҳонии гандум дар сатҳи мавҷудаи захираҳои гузаранда дар намуди фоизи муқаррарии истеъмоли солона мебошад. Амнияти сатҳи захираҳои гузарандаи гандум ҳамон вақт дурӯст ҳисобида мешавад, ки он ба 60 рӯзи истеъмоли ҷаҳонӣ, ё ин ки тахминан 17% истеъмоли умумии солона мувофиқат кунад. Дар ҳолати ҳаҷми захираҳо аз 17% - и истеъмоли солона кам шудан, он гоҳ суръати тези бадандшавии нархҳои ҷаҳонӣ ба миён меояд, чӣ хеле ки дар солҳои 1972 1973 ва 1979 - 1980 рӯй дода буд.

2. Бештар ҳамчун нишондиҳаидаи умумии амнияти ғизоӣ, динамикаи истеҳсолигандум ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ истифода бурда мешавад.

Ба амнияти ғизоии мамлакатҳо, аз он ҷумла Тоҷикистон сабабҳои дохилӣ бештар таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ин сабабҳо бештар ба амалиёти соҳаи кишоварзӣ таъсири бевоситаи худро мерасонанд: ғайрисамаранок истифодабарии замин; ғайрикофӣ будани дараҷаи тараққиёти сусти соҳаҳои коркарди маҳсулот; дар сатҳи паст қарор доштани доираи ғайриистеҳсолӣ ва ҳоказо.

Ба ин факту рақамҳои зерин мисол шуда метавонанд. Чӣ хеле ки дар ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2008 қайд карда шуда буд: «Ҳамагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят замини аз кишт берунмонда 6453 гектар, аз он ҷумла 5 322 гектар замини обӣ ва 1131 гектар замини лалмиро ташкил дод. Дар натиҷа 727,7 ҳазор сомонӣ зарари иқтисодӣ ба миён омадааст. Бо сабаби нарасидани оби кишт соҳаи кишоварзии вилоят (3828 гектар) ба маблағи 8,3 млн. сомонӣ зарари иқтисодӣ дидааст». Аз таҳлил бармеояд, ки ин зарари иқтисодӣ дар натиҷаи сабабҳои дохилӣ ба миён омадааст.

Ҳоло Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба аъзоёни ҳукумат ва мардуми кишварро ёдовар шудан ҷоиз аст. Дар Муроҷиатнома чунин таъкид шуда буд: «Ҳама бояд дар хотир дошта бошанд, ки танҳо бо роҳи истифодаи оқилонаву самараноки замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мометавонемамниятиозуқавории кишвари худро таъмин карда ба тағйиротинархунаводарбозорҳои ҷаҳонӣ истодагарӣ намоем».

Вазъи ҷаҳони имрӯза, махсусан адоматҳои аввалини буҳрони иқтисодӣ-молиявии ҷаҳонӣ Сарвари давлатро водор сохт, ки ба ҳукумат ва мардуми кишвар муроҷиат намояд ва ин сиёсати дурандешонаи ӯ хеле саривақтӣ ҳам буд.

Оид ба ҳамин мушкилотҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 15-уми апрели соли 2009 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои заруриро иброз доштанд. Аз он ҷумла, чунин зикр шудааст: «Бояд бозори сертификати замин ва фаъолияти самарабахши онро ташаккул дода, ба раванди ҷорӣ кардани муносибатҳои бозорӣ истифодаи самараноки обу замин, вусъати кишти такрории зироатҳо суръати тоза бахшем» (4).

Барои ҳалли ин мушкилоти гузошташуда аз тарафи Сарвари давлат таъкид карда шуд. ки: «ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои нав, ҳамасола ба 200 ҳазор гектар расонидани майдони кишти такрории зироатҳо ҷораҳои қатъӣ андешида шавад, ки ин яке аз роҳҳои таъмини бехатарии аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худи ва ҳифзи боэътимоди амнияти озуқавории мамлакат мебошад».

Аз гуфтаҳои Раиси Ҷумҳур чунин хулоса бармеояд, ки танҳо бо истифодаи оқилонаву самараноки замин мо метавонем амнияти ғизоии кишварро таъмин кунем. Дар истифодаи замин ҳиссаи кормандони соҳибтаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ хеле калон аст ва бояд таҷрибаи бой ва маслиҳатҳои муфиди онҳо истифода шаванд, инчунин барои иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва супоришҳои Сарвари давлат шароитҳои имтиёзнок фароҳам оварда шаванд.

Пас аз ин маълум мешавад, ки асоси таъмини амнияти ғизоиро рушду инкишофи истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва коркарди онҳо ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои ҳалли ин мушкилотҳо дар соли 2008 як қатор тадбирҳоро дар роҳи самаранок истифодабарии замин, ҳосилхез кардани заминҳои обёришаванда амалӣ намуд. Аз ҷумла барои ин 15 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 940 млн. сомонӣ ҷудо шуда буд. Бо супориши Сарвари давлат аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои харидани тухмии зироат, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон 50 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Қарздиҳии хурд дар соҳаи кишоварзӣ нақши калонро мебозад ва ҳаҷми умумии он беш аз 350 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2007 3,5 маротиба зиёд аст.

Аз рақамҳои омор маълум мешавад, ки соли 2008 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат 8% зиёд гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки он тадбирҳои зикршуда дар роҳ инкишофи соҳаи аграрӣ амалӣ шудаанд.

Президент кишвар дар Паёми худ таъкид карданд: «Соҳаи муҳимтарини иқтисодӣ миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рӯшди он вобаста аст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии ғизоӣ зарур аст ва ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти озуқавории мардуми кишвар бояд заминаҳои моддиву техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ мустаҳкам карда шаванд».

Барои татбиқи барномаҳои рӯшди соҳаи кишоварзӣ дар 5 соли охир аз рӯи рақамҳои омор аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағузориҳои давлатӣ 2 млрд. сомонӣ масраф гардидааст.

Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҶТ қайд шудааст: «Соли ҷорӣ низ бо мақсади ба кишоварзон ба муҳлати 1.5 сол додани қарзи имтиёзнок аз ҳисоби буҷети давлат 180 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст». Инчунин таъкид шудааст: «Бо мақсади рӯшди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва тибқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зиёда аз 700 млн. сомонӣ равона карда хоҳад шуд».

Мақсад аз ин тадбирҳои андешидашуда баҳри беҳбудии мардуми кишвар ва нигоҳ доштани амнияти ғизоии мамлакат дар як сатҳи муайяи иборат мебошад.

Акнун ба рақамҳои омор такя карда, ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи кишоварзии вилоят назар меафканем. Дар 11 моҳи соли 2008 маҳсулоти кишоварзии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 7,6% афзудааст. Аз он ҷумла ҳаҷми сабзавот 7% картошка 5,8%, полизӣ 9%, меваҷот 3,7%, зироати хӯроки чорво 3.2%, гушт 3.3%, шир кариб 2%, тухм 29.3% нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 афзудааст.

Ин рақамҳои дар боло овардашуда афзоиши умумии таъмини амнияти ғизоиро ифода мекунанд.

Гуфтаҳои болоро хулоса карда, чунин пешниҳодҳо ба миён меоянд:

Барои таъмини амнияти ғизоӣ истеҳсолгари ватаниро бояд ҳимоя кард ва оид ба истеҳсоли маводи ғизоӣ аз ашёи хоми ватанӣ ба онҳо шароитҳои имтиёзнок (системаи андозбандӣ, механизми нархгузорӣ) фароҳам овард.

Механизми танзими таносубҳои нархиро ба маҳсулотҳои истеҳсолгарони кишоварзӣ ва молҳоӣ таъинотӣ истеҳсолии дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда (техникаи кишоварзӣ, маводҳои сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва ҳоказо) кор карда баромада шавад.

Барои истеҳсолгарони ватанӣ аз рӯи намудҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ки дар асоси шаклҳои гуногуни моликият ташкил ёфтааид, шароити ҳаматарафа фароҳам оварда шавад.

Шартҳои амалиёти комплекси агросаноатӣ ба зуди ташкил додани инфраструктураи бозорӣ дар доираи аграрӣ, усулҳои замомавии коркард, нигоҳ доштан ва дастрас кардани маҳсулотҳои кишоварзӣ то истеъмолгарои ташкил карда шавад.

Дар ҳама давраҳо, махсусан имрӯз, ки мо дар марҳилаи бӯҳрони иқдисодиву молиявии ҷаҳонӣ қарор дорем амнияти ғизоии мамлакат дар мадди аввал меистад, чунки ин кафолати пойдории иҷтимоӣ - сиёсӣ дар ҷомеа мебошад.

Бобоева Н.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ