Номзади арзанда ва шоиста

Рустами Эмомалӣ давоми 3 соле, ки дар шаҳри Душанбе роҳбар буданаш шаҳр бо роҳбари ин ҷавони қавиирода ободу зебо гашта, дар беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати 1,9 маротиба зиёд гардида, ҳаҷми он дар соли 2019 ба 2711,3 млн сомонӣ баробар шуд. Дар давоми 3 соли роҳбарияташ 112 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд. Дастоварди дигари роҳбари шаҳр Рустами Эмомалӣ дар фасли зимистон таъмини биною иншоотҳои шаҳри Душанбе гармидиҳи ба истифода дода шуд. Боз 18 муассисаи таълимӣ барои 14614 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 11 муассиса барои 11904 хонанда дар як баст ва корҳои лоиҳакашӣ дар 6 муассисаи дигар барои 3232 хонанда идома дорад. Дар ин давра обрўю эътибори шаҳр дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, расму оин ва фарҳангу маданияти ҳазор солаи гузаштагонамон ба ҷаҳониён ба таври густурда муаррифӣ карда шуд. Умуман фаъолияту кордонии Рустами Эмомалӣ беҳтарин намунаи ибрат барои ҳар як ҷавонаст. Бо дастгирии ин ҷавони хирадманд солҳои охир дар доираи Рўзи ҷавонони кишвар силсилачорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир гардид. Аҳсан ба ин ҷавоне, Душанберо ҳамчун шаҳри гулҳо табдил гардонид, ва барои боз ҳам зебою обод гардонидани ватани азизамон Тоҷикистон пайваста кушиш менамояд. Интихоб гардидани Раиси Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Рутами Эмомалӣ барои пешрафт ва баланд бардоштани нақши арзандаи ҷавонон заминаи асосиро пеш меорад, зеро интихоби ин кадри ҷавон ва арзанда ин далолат ва нишонаи сиёсати оқилона ва ҷавононпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ