НАҚШАҲОИ БУЗУРГ ҒАЙРАТУ ҶАСОРАТИ РУСТАМОНАРО МЕХОҲАД

Аз оғози Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯю қудрати зеҳнӣ, эҷодӣ, ташаббускории ҷавонон чун қишри пешқадами ҷомеа эътимод ва таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Зеро ҷавонони донишманду бомаърифат ва соҳибкасбу боҷасорат идомадиҳандаи сазовори кору пайкори насли калонсол, қувваи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва аз қавли Президенти мамлакат ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 Пешвои миллат чунин қайд намуданд, ки насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дурусту оқилона мебошад.

Ғамхориву эътимод ба ҷавонони лаёқатманду кордон, тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда дар тамоми зинаҳои мақомоти давлатӣ, аз поён то боло дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қарор дорад. Имрӯз аз байни ҷавонон садҳо нафар дар вазифаҳои масъули раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо кору фаъолият бурда, дар пешрафту ободонии кишвар саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Рустами Эмомалӣ аз зумраи чунин сиёсатмадорони ҷавон аст, ки дар мактаби давлатдории Пешвои миллат ташаккул ёфта, зинаҳои гуногуни сарвариро дар мақомотҳои гуногуни калидӣ паси сар карда, то ба мақоми раиси шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.

Саҳми Рустами Эмомалӣ дар ободонӣ ва шукуфоии пойтахти ватанамон хеле бузург буда, маҳз бо саъю кӯшиш ва итеъдоди ташкилотчигиву сарварии ӯ Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Душанбе имрӯз маркази бисёр чорабиниҳои сатҳи олии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ гашта, ташаббускори ҳаллу фасли масоилҳои глобалии ҷаҳон ва минтақа ба ҳисоб меравад. Душанбе – пойтахти сулҳовар, ваҳдатофар, нусратбахш, хонаи уммеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Дар ин амр хидмати шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шоистаи таҳсину офарин аст.

Ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштани Рустами Эмомалӣ боварӣ ва эътимоди қавии Пешвои миллат ба ин сиёсатмадори ҳушманду ояндадор аст. Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ ба Раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода, масъулияти бузурги ин мақом ва хизмати содиқонаро баҳри манфиатҳои олии миллату давлат, ободии кишвар, хосатан пойтахти кишварамон – Душанбе таъкид намуданд.

Барои пиёда сохтани нақшаву ормонҳои азалии миллат, таъмини сулҳу ваҳдат, суботи ҷомеа, волоияти қонун, таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат нақшу рисолати Маҷлиси миллӣ ва Раиси он хеле бузург аст.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки дар ин ҷода ғайрату ҷасорати рустамонаи Рустами Эмомалӣ, донишу малака, маҳорату истеъдоди сарварии ин сиёсатмадори ҷавон омили муҳим хоҳад гашт.

Шарифов Ш., Ҷабборов И. – устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ