​Рустами Эмомалӣ - ибратбахши ҷавонон

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти

насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиёсати кунунӣ ва ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеъи аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва насли наврас, муайян месозад дар ҳар баромадҳояшон таъкид месозанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон моҳият, мақсаду вазифаҳо дар марҳилаи нави таърихиро ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташкулли шахсияти инсони комил муайян мекунанд.

Тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои махсусан Осиёи Миёна ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҷои махсусро ишғол менамояд. Бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаи ҷаҳони имрӯза ҷоизаи шоиста аст. Дар байни халқу миллатҳои ҳастии олам ба монанди миллати тоҷик кам халқҳое вомехӯрад, ки борҳо аз вартаи фаношавӣ баргашта, дубора эҳё гардидаанд. Тоҷикон дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёти худ пойдору бегазанд мондааст.

Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо вуҷуди иштибоҳот ва маҳдудкунии таърих ва маданияти халқи тоҷик барои пайвастани мо ба решаҳои таърихӣ ва ташаккул ёфтани шакли нави давлату давлатдорӣ мусоидат намуд. Дар ин марҳалаи тақдирсоз устод Айнӣ, ҳамчунин як гурӯҳ зиёиёни ватанпараст ва шахсиятҳои сиёсӣ, алалхусус Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Чинор Имомов барои ташкил кардани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолона талош варзиданд.

Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур барои хизматҳои бузург ва фидокоронаашон дар назди миллат ва саҳми барҷастаашон барои ташаккулёбии давлатдории навини тоҷикон сазовори унвони олии мамлакат - Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Ҳар халқу миллат ормонҳои хешро дорад ва маънии ҳастии худро дар расидан ба ин ормонҳо медонад, аз ҷумла халқи тоҷик. Халқи тоҷик дар масири таърих барои дастрас ба ормонҳои миллӣ ҳазорҳо маротиба зарбаҳои сангин хӯрдааст, аммо лаҳзае аз он ҳадафҳои олии худ даст накашидааст.

Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар илму адаб, дину сиёсат рисолати худро дар бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва ормонҳои нек донистаанд. Ҳамчунин равшан аст, ки дар ҳар даврони таърихии миллати тоҷик равшангару равшанфикре будааст, ки ҷомеаро барои расидан ба мақсадҳои наҷиб ҳидоят намудааст. Аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар илму ирфон ва дину мазҳаб пешвоёне будаанд, ки башарият аз ҳузурашон то имрӯз ифтихор доранд.

Дар давлатдории таърихи тоҷикон, шахсиятҳои бузургеро метавон ном гирифт, ки дар замони ҳукуматдориашон ормонҳои миллию давлатро тамомият ва умумият бахшидаанд. Аввалин шахсияте, ки дар гузашта халқи тоҷикро ба ормонҳои миллии худ расонидааст Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳастанд ва дар сарнавишти халқи тоҷик дувумин нафаре, ки ин корро такрор намудаанд, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва нафари саввум ин шахс сиёсатмадори ҷавон Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Хизматҳои шоистаи Рустами Эмомалиро ба назар гирифта дар ҷаласаи якуми Маҷлиси милллӣ, ки санаи 17.04.2020 сол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим номзадии Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфт.

Сипас, тибқи моддаи 3 - и дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ворид гардид. Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъвати шашум санаи 17.04.2020 сол дар ҷаласаи якумашон Рустами Эмомалиро раиси палатаи болоии парлумон интихоб намуданд. Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар иҷлосия суханронӣ намуданд.

Мо, устодону донишҷӯён ва кормандони факултети Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро барои худ як шахси арзанда ва ҷавони аз зумраи шахсиятҳои беназири сиёсӣ мешиносем ва бисёр ифтихор дорем, ки ӯ дар оянда ба халқу миллати хеш хидматҳои шоиста менамояд. Ин аст, ки барои бозкушоии чунин як саҳифаи тозаи таърихӣ, пеш аз ҳама, мардуми қадршиноси тоҷик раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро бо расмияти таърихӣ эътироф менамоем.

Рустами Эмомалӣ сиёсатмадор, соҳиби фарҳанги асилу воло, инсони ботамкину гавҳарниҳод буда, қалбаш саршори меҳру муҳаббат ба Ватан, ба мардум, ба марзу буми аҷдодӣ аст. Вале ӯ сиёсатмадори ҷавон буда, бодилу нияти пок, хизмати содиқона ба халқу Ватани худ ба арсаи сиёсат қадам ниҳода истодааст.

Воқеан яке аз омилҳои асосии маҳбубият, маъруфият, шӯҳрат обрӯ ва нуфузи Рустами Эмомалӣ дар байни мардуми тоҷик ва берун аз кишвар, дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон хиради бо мардум будан, мардумпарварӣ ва адолатпарварии ӯст. Ӯро беҳуда кулли мардуми тоҷик бо як ифтихор ва муҳаббати самимӣ “Рустами Эмомалӣ ояндаи миллати тоҷик” намегӯянд. Яке аз омилҳои асосии маъруфият ва шӯҳрати Рустами Эмомалӣ ҳамчун сиёсатмадор ин донишу хиради фитрӣ, ақлу фаросати закӣ ва ҷаҳонбинии пурвусъати ӯст.

Рустами Эмомалӣ дар сиёсат, давлатдорӣ ҳамеша бо волидайн, аҳли уламо - донишмандон, шоирон, нависандагон, аҳли фарҳанг машварату маслиҳат менамояд чунки машварату маслиҳат бо волидайн ва уламо ба сиёсатмадор ақлу хирад, садоқат, роҳи дуруст адлу инсоф, фарқи байни ҳаққу ноҳақ ва адлу эҳсонро ҳидоят мекунад. Ӯ аз оғози фаъолияти хеш ба илму хирад такя намуда, шаҳрдориро бо дасти хирад идора намуда истодааст.

Рустами Эмомалӣ сиёсатмадори ҷавон, оқил ва одили тоҷикон бо ғайрату хурӯши ҷавонмардӣ қалбу нияти пок, муҳаббати саршор ва самимӣ ба марзу буми аҷдодӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, қадам ба қадам вамарҳила ба марҳила ба сӯи қуллаҳои мурод - пиёда сохтани ормонҳои мардум раҳсипор гаштааст. Яке аз сиёсатмадорони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ машҳури кишварҳои абарқудрати ҷаҳон соҳиби обрӯ ва эҳтироми самимӣ гардидааст. Баробари шинохтан шоистаи он аст, ки бо ном ва пайкори ин шахсияти беназир ҳамеша ифтихор намоем.

Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон, варзишгарон дар руҳияи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ аз ин дарак медиҳад. Бо ташаббус, ғамхорӣ ва пешниҳодҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷавонон ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар охир бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми шарафманди тоҷик бо маърифати олии масъулиятшиносии баланди инсонӣ ва ҷамъиятӣ Рустами Эмомалиро самимона эътироф менамоем. Мо маъсулини факултет барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқӣ, хештаншиносиву ватандӯстӣ, маърифатию оммавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Г.М. Узоқова,

н.и.и., дотсент, декани факултети телекоммуникатсия ва

технологияи иттилоотӣ, МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

А.А. Шукуров,

сармуаллими технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, муовини

декан оид ба корҳои тарбиявии факултети телекоммуникатсия ва

технологияи иттилоотӣ, МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ