ИНТИХОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ИҚДОМЕ УСТУВОР

Меҳру самимият ва ихлосу эътиқоди мардуми шарифи Тоҷикистон ба сиёсати хирадмандона, оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрўз маъниву моҳияти амиқу созандаба бар мекунад. Даврони озодиву истиқлол ва рўйдодҳои нотакрори он чашми мардуми моро ба замон, дастовардҳо ва ободии кишвар хеле боз кард. Дар Тоҷикистони мо дарки тафаккури кишварсозӣ ба як марҳалаи хубе расидааст. Имрўз фарзанди фарзона, сиёсатмадори барҷаста ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рў ба рушдро тамоман дигар, бо рангу хосияти назаррасу дилпазирмуаррифӣ кард ва модели наве барои болидану фахридани мардуми тоҷик фароҳам овард.

Натиҷаи хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти ин фарзанди баландэътибори тоҷикон дар назди Ватан буд, ки ба онҳо халқу миллати тоҷик кайҳо баҳои сазовор додааст. Мардум аз он ифтихор доранд, ки Офаридгор шахси шуҷоъ, далер, ҷонсупор, хидматпеша, равшангар ва маърифатпарварро барояшон насиб гардонидааст. Имрўз имкони хубу муносибе фароҳам омадааст, ки хизматҳои шоистаи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини осоишу шукуфоии кишвар фарзанди арҷманди ў Рустами Эмомалӣ дар сатҳи матлуб ва назаррас идома бидиҳад. Ба фазои раҳбарии сиёсӣ омадани Рустами Эмомалӣ – аввалан ба сифати шаҳрдори шаҳри Душанбе ва, сониян, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи раванди чашмрас ва бебозгашти эътирофи нақши зарҳалии ҷавонон дар таърихи кишвар ва пешбурди ҷомеаи фарҳанггустар мебошад. Пешвои миллат бо дарки пайвастаи нерўи бузурги созандагӣ ва бунёдкории ҷавонони Тоҷикистон даст ба тасмим зад, ки шаҳрдори шоистаи Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пешрафти кишвари мо, такомули худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии мардум заҳмат бикашад. Воқеан тағйироти куллӣ дар парламенти кишвар ба асосҳои иҷтимоии ҳаёти мардуми мо такя дорад ва имкон фароҳам меоварад, ки дар ин ҷода тамоюлоти собиту устуворе рўйи кор оянд.

Аз ин ҷиҳат, интихоби арзанда ва сазовори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи дарку қадрдонии Пешвои миллат аз хизматҳои содиқона, софдилона ва холисонаи ҷавонон дар пешрафти кишвари мо, ифодаи меҳру муҳаббат ва самимият дар роҳи бунёди Тоҷикистони навини озоду обод, демократӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд мебошад.

Солҳои истиқлолу соҳибихтиёр – аз аввал то ба охир ба ҳар сокини Тоҷикистони азиз давраи озмоиши басо вазнини ҳаёт, давраи расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва оштии миллӣ буд. “Истиқлолияти давлатии мо, – гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, – ҳанўз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рў ба рў шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд”.

Имрўз сокинони кишвар, сарфи назар аз миллият ва эътиқоди динӣ бар ин ақидаанд, ки Тоҷикистон ватани умумӣ ва ягонаи шаҳрвандони он буда, дўст доштан ва таъмин кардани амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Асоси пешрафти Тоҷикистон дар шароити имрўза ташаккули фарҳанги сулҳ мебошад, ки пойдевори воқеии ҳалли муқовимат, расидан ба сулҳу ваҳдату ризоияти миллӣ дар мамлакати мо маҳсуб мешавад. Мо назири ин ҳолро дар ягон халқу миллат намебинем. Имрўз парламенти мо барои такомули фарҳанги сулҳ чун қутбнамои роҳи бунёдкоронаи истиқлоли миллӣ муносибат карда, барои пеш ниҳодани қарорҳои ҳаётан муҳим дар роҳи такомули ҳаёт ва соҳаҳои мухталифи он ҳиммати баланд ба миён мегузорад. Аз назари мо бо интихоби Раиси нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаҳои тоза ва ибратомўзи ҳаллу фасли қазияҳои муҳим пеш меоянд ва дар ҷодаи вусъат бахшидани масъалаҳои ҳалталаби сиёсӣ, иҷтимоӣ, саноатӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра қадами боз ҳам пурвусъаттаре гузошта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи омори иқтисодиву иҷтимоӣ сол аз сол рушд меёбад. Имрўз барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни дорои арзишу аҳамияти аввалиндараҷа дар сатҳи назаррас ба роҳ монда мешаванд. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз ниҳодҳои асосии қонунгузор ва қонунбарор барои зина ба зина баланд бурдани сатҳи некўаҳволии мардум ва рушди бебозгашти сиёсату иқтисод ва фарҳанги миллӣ имконияти муносиб фароҳам меоварад. Ин ниҳоди хеле муҳим бо мақсади амалӣ кардани тадбирҳои созандаву муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард хизматҳои бузурги дигареро низ анҷом хоҳад дод. Аз ин рў, интихоби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рўйдоди назарраси кишвари мо буда, дар як марҳалаи ҷиддии барои миллат чашмрас амалӣ гашт. Худи ворид шудани Тоҷикистон ба давраи нави созандагӣ имкони хубе фароҳам меоварад, ки дар ин ҷода иқдому ташаббусҳои неке ба миён оянд.

Интихоби парламенти касбӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон амали устувор ва ҳодисаи муҳимме мебошад ва дар ин зимана баргузида шудани Рустами Эмомалӣ ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чашмдошт ва интизории мардумро низ дар роҳи боз ҳам устувор намудани ҳаёт ва иҷтимоиёт меафзояд. Бо чунин интихоб раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ- сиёсӣ дар ҷумҳурӣ бори дигар рў ба беҳбудӣ овард. Бо ин амал Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бори дигар волоияти худро собит намуд...

Ба Раиси нави Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барори кор хоҳонем ва таманно дорем, ки дар як муҳлати кўтоҳ корҳои муҳимме дар пешрафти кишвари мо рух медиҳад.

Муҳаббат Тиллохоҷаева –

декани факултети филологияи тоҷики

МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ