​Рустами Эмомалӣ роҳбарикордон ва хирадманд

Санаи 17-уми апрели соли 2020 аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии узви Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Рустами Эмомалӣ яке аз ҷавонони пурмасъул ва сертаҷриба буда, ӯ дар ҳақиқат зина ба зина ҳар масъулиятеро, ки бар дӯш доштааст, онро софдилона пеш бурдааст.

Дар иҷрои вазифаҳое, ки бар дӯш дорад бо таври ҷидди муносибат намуда, онро ба субут мерасонад. Барои иҷрои корҳои роҳбарӣ ва дарёфти кадрҳо Рустами Эмомалӣ бештар ба ҷавонони навовар ва донандагони хуби воситаҳои техникаи муосирро ҷалб мекунад. Вай тавонист ба ҷавонии худ нигоҳ накарда худашро ҳамчун роҳбари кордон, умури давлатиро ба таври ҷиддӣ ва қатъият иҷро мекунад, раият парвар, шаҳри Душанбе, пойтахти Ватани азизамонро дар муддати кӯтоҳи роҳбарӣ бо ҷалби ҷавонони навовару навкор обод намуда истодааст.

Бинобар ҳамин Рустами Эмомалиро ба сифати Раиси Маҷлиси миллӣ пазируфтанд. Худи Рустами Эмомалӣ ҳарчанд ки унвони генералиро дорад, як ҷавони хоксор, ба қавлаш содиқ аст.

Роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар пойтахт нишон дод, ки ӯ нафақат аз ӯҳдаи ин вазифа баромад, балки худро як роҳбари қобилу кордону муваффақ нишон дод. Сохтан ба истифода додани даҳҳо майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои пойтахт, сохтмон ва бозсозии боғњои фарњангӣ-фароѓатӣ танҳо яке аз корномаи Рустами Эмомалӣ дар замони раҳбариаш дар Душанбе аст.

Бояд гуфт, ки Рустами Эмомалӣ кадри нав ва замони нав аст ва табиист, ки услуби кораш ҳам аз усули кораш ҳам аз пешинагон мекунад. Ӯ побанди ақидаҳои кӯҳнае, чун маҳалгароӣ нест, ба кадрҳои кордон новобаста аз маҳалли таваллудашон имкони кор кардан ва нафъ расондан ба ҷомеаро медиҳад, ҳамеша дар фикри обод кардан аст.

Натиҷаҳои кораш дар шаҳрдории Душанбе нишон медиҳанд, ки Рустами Эмомалӣ бо вуҷуди синни ҷавонаш аллакай барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулият омода мебошад.

Рустами Эмомалӣ яке аз кадрҳои ҷавону боистеъдод буда пайваста барои беҳдошти зиндагии мардуми Тоҷикистон ва барҳри таъмин намудани шароити мусоид ба аҳоли саҳми назаррас дорад.

Ба Рустами Эмомали дар ин вазифаи пурмасъулмуваффақияту барори кор хаста тамманиёти онрор дорем, ки монанди Рустами Эмомалӣ ҷавонони ватандӯсту сарсупурдагони ватан зиёд гарданду барои пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми худро гузоранд.

Т.Турдибоев дотсент,

декани факултети филологияи ӯзбек

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ