​ИНТИХОБИ ФАРЗАНДИ ВАТАНХОҲ

Ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои аъзоёни ҷомеа мебошад. Яке аз чунин ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Агар ба таърих ва раванди ташаккули интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки ин тарзи интихобот дар ҷомеа баробари сиёсат зуҳур намуда, то замони муосир чи дар ҷомеаҳои анъанавӣ ва чи дар ҷомеаҳои демократӣ дар шаклу навъҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Ин тарзи интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳимми сиёсат маҳз дар ҷомеаҳои демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст. Дар шароити муосир низ давлатҳои демократӣ интихоби Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун неруи муттаҳаррики пешбарандаи ҷомеа истифода менамоянд. Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Иҷлосия суханронӣ намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси арзанда буда, дар олами сиёсат қадамҳои устувор мегузоранд. Дар тӯли фаъолияти корӣ дар вазифаҳои гуногун обу тоб ёфта, ҳар як маслиҳати бар дӯш гузоштаро бо ҳисси баланди ватандӯстиву мардумпараварӣ, кордониву ҷасорат, хирадмандию адолатпешакӣ ва ободкориву созандагӣ иҷро намуда, то ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе расиданд. Маҳз дар ҳамин давраҳо пойтахт гул -гул шукуфт. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси нахустиниМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум чунин таъкид ва раҳнамоӣ намуданд:“Бовар дорам, ки шумо аъзои Маҷлиси миллӣ, салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва нерӯи худро дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии милливу давлатӣ равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафти ободии ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред. Интихоби шоиста ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъин шудани Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хеле болидахотир шудам. Дар ҳақиқат арзандатарин сиёсатмадори тоҷик ҳастанд. Ба раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташон комёбиҳоро таманно дорам”.

Тамоми мардуми тоҷик бо шахсиятҳои таърихиашон фахр мекунанду меболанд. Аз моҳи апрели соли 2017 Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси пойтахт буданд. Се моҳ қабл, ӯ ивазкунандаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси Миллиро ба вазифаи роҳбари маъмурияти пойтахт таъин карданд. Аз соли 2012 Рустами Эмомалӣ раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон буданд. Дар соли аввал дар курсии раиси пойтахти Тоҷикистон худро роҳбари хуб нишон доданд. Соли 2017 Рустами Эмомалӣ корҳои бисёрероанҷом доданд: пардохтҳои мактабҳо барои таъмири синфҳо бекор карда шуд, бозорҳои кӯҳна вайрон карда шуданд, роҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шуданд, нақшаи генералии Душанбе тасдиқ карда шуд. Мо тоҷикон бо Шумо фахр дорем. Рустами Эмомалӣ фарзанди фарзонаи миллат, пешбарандаи афкору андешаи навин ва ростин!

Аслиддин Пӯлотов- профессор,

Аҳлиллоев Турдимурод, Баҳриев Файзулло-дотсентон ва

аҳли ҷомеаи факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ