НОМЗАДИ АРЗАНДА БА ҲАЙСИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

Санаи 17-уми апрели соли равон иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар рӯзномаи иҷлосияи мазкур даҳ масъалаи асосӣ ворид карда шуда буд, ки аз ҷумлаи онҳо масъалаи интихоби раис ва муовинони ӯ, ҳамчунин ташкили кумитаҳо ва сохторҳои дигари Маҷлиси Миллӣ ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи ин мақомоти олии кишварро муайян мекард.

Яке аз масъалаҳои асосии иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ин интихоби Раиси Маҷлиси Миллӣ ба ҳисоб мерафт. Бо пешниҳоди аъзои Маҷлиси Миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим номзадии Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби аъзоёни Маҷлиси миллӣ ин пешниҳод дастгирӣ ёфт.

Тазаккур бояд дод, ки Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ арзанда буда, ӯ новобаста аз ҷавонияш таҷрибаи бойи сиёсӣ ва идоракунӣ дорад. Чунинки маълум аст, баъди таъйин гардидан ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат дар самти ободониву созандагӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, исбот намуд, ки ӯ дар ҳақиқат ҷавони серғайрат буда, метавонад барои пешрафти минбаъдаи кишвар саҳми арзанда гузорад.

Аз рӯзҳои ба арсаи сиёсӣ омадани Президенти кишвар ба ҷавонони серғайрат ва шуҷову далер такя намудани худро иброз дошта буданд, ки мо бевосита ин самараро мушоҳида мекунем. Бинобар ин дар симои Рустами Эмомалӣяк ҷавони ободкору созанда ва бунёдкори кишвар мушоҳида гардида, бо мақсади боз ҳам рушди кишвар ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд пешбарӣ гардида истодаанд. Мо ҳамчун омӯзгори ҷавон ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар интихоб гардидани ӯро ҷонибдорӣ менамоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ