​Вориси сазовори миллат

Таърих гувоҳ аст, ки ҷалби ҷавонон ба идораи корҳои давлатӣ аз давлати Сомониён оғоз ёфта ҳамчун силсилапайванд идома дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Шоҳ Исмоили Сомонӣ баҳоидар идораи корҳои давлатӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд намудааст: «Сомониёнпас аз чанд аср тавонистанд, ки як бори дигар давлати мутамаркази миллиро ташкил дода, суннатҳои аҷдодии моро, ки таърихи сеҳазорсола дошта, дубора барқарор намоянд. Ин сулола илму фарҳангро ба дараҷае тараққӣ дод, ки эҳёи тамаддуни аврупоиро бо тараққиёти беназири илму фарҳанги давраи Сомониён муқоиса мекунанд. Ин сулола ба ҷангу хунрезӣ машғул набуд. Вай миллату халқҳои гуногунро муттаҳид карда, илму фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод намуд…

Рўҳи покизаву ҷовидонии Исмоили Сомонӣ, ки дар 25 солагиаш барои уттаҳид намудани Ватан камар баста ба орзуяш расид ба шумо мадад расонад».

Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки дар даврони шўравӣ низ ба идораи корҳои давлатӣ ҷавонони болаёқат ҷалб карда мешуданд. Масалан, Ҷаббор Расулов дар 33 солагиаш ба мансаби Раиси Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон таин шуда буд.

Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавононро ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳати ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.

Дар ин ҷода давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баҳри иштироки фаъолонаи ҷавонон дар идораи корҳои давлатӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Омили муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба корҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ пешбарӣ кардани ҷавонон мебошад.Дар солҳои душвору тақдирсоз бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҷавонони қобил ва соҳибистеъдод Қосим Қосимов, Иброҳим Иброҳимов, Миралӣ Олимов, Соҳиба Юлдошева, Ҳалқамо Турахонова ва дигарон ба сари қудрат омада, тадриҷан маҳорати роҳбарӣ омўхтанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ номзадҳои арзандаи ҷавонон ба вакили мардумӣ пешниҳод ва интихоб карда шудаанд. Чунончӣ ба вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (моҳи феврали соли 1995) зиёда аз 30 нафар ҷавонони то 35 сола интихоб шуданд.Дар соли 2000-ум бошад, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи халқи тоҷик парламенти доимоамалкунандаи дупалатагӣ таъсис дода шуд.

Тоҷинисо Маҳмадова, Мирзодавлат Одинаев, Абдуманнон Холиқов, Давлаҳмад Саидов, Лайло Бобоева, Ёқубҷон Исмоилов, Раъно Самиева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Санавбар Хоҷаева, Қосим Қосимов, Рашид Мирзоев аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.

Боиси зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ айни ҳол теъдоди ҷавонони то 35 сола дар хизмати давлатӣ 8347 нафар ё худ 45,5 фоиз, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1279 кас ё 22,6 фоизро ташкил медиҳад.

Саҳифаи навро дар таърихи сиёсии мамлакат бо таври райъпурсии умумихалқӣ 22-юми майи соли 2016 ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушод. Дар моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта боша два сини ў аз 30 кам набуда, дорои маълумоти олӣ бошад».

Боиси фараҳмандист, ки 27 – уми марти соли 2020-ум дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатмадори ҷавону умедбахш, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ дар сохторҳои мухталифи давлатӣ адои хизмат намуда, дар мактаби бузурги сиёсӣ обутоб ёфтааст. Хизматҳои вай дар ободу зебо гардонидани пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе хеле назаррас мебошад. Сиёсати башардўстонаи Рустами Эмомалӣ оид ба дастгирии табақаи иҷтимоӣ боиси ҷонибдорист.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Рустами Эмомалӣвориси арзандаи аҷдодони халқи шарафманди тоҷик, ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона ба нафъи халқу Ватан хизмат хоҳад кард.

Ваҳҳоб Набиев, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ