Ҷавонони болаёқати давраи Истиқлол!

Санаи 17-уми апрели соли 2020 сессияи якуми Маҷлиси миллӣ ва даъвати шашуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар сессия масъалаи таъин намудани раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуда овоздиҳии пинҳони гузаронида шуд. Ҳамаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Оли барои интихоб шудан ба ин вазифаи пурмаҳсул овози худро ба Рустами Эмомалӣ доданд.

Инчунин дар ин давра раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки зимистон дар натиҷаи ҳамлаи ваҳшиён чорвои худро аз даст додаанд, маблағ фиристод. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ сокинони Помирро, ки дар натиҷаи ҳамлаи ваҳшӣ аз чорвои ҳассос талаф додаанд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кард. Рустами Эмомалӣ зарари моддии барфиро пурра пӯшонид. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияҳои Рошткалъа, Ишкошим ва водии Бартанг рафта, ба ҳамаи осебдидагон маблағ интиқол додааст. Мардум барои чунин дастгирии саривақтии Раиси шаҳри Душанбе сипосгузорӣ карданд.

Дар соли 2019, шаҳрдори Душанбе барои тозакардани роҳҳо ва кӯчаҳои шаҳри Хоруғ ду адад таҷҳизоти гаронқимат барои барф тақдим кард, вақте ки сатҳи барфто ба 1,5 метарасид. Ёдовар мешавем, ки зимистони имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 132 адад ҳайвоноти хонагиро дар хонаводаҳои сокинони маҳаллӣ нобуд карданд.

Мо, ҳамчун шаҳрванди замони Истиқлол бо боварии том гуфта метавонам, ки Рустами Эмомалӣ дар муддати кутоҳ қарорҳо ва қонунҳои Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз будаш ҳам зиёд ба фоидаи халқу миллат равона месозад. Бовари дорем, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ҳамаи қувваю матонати худро равона месозад ва ба ӯ барои иҷрои ин вазифаи пурмасъул комёбӣ ва мувафақиятҳои беназирро таманно дорем.

Аҳли омӯзгорони кафедраи электроника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ