​Парчамафрозӣ ва нишонсозии Пешвои миллат

Халқи фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик дар ҳар даврае аз таърих ба арзишҳои милливу фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҷавҳари ҳастии худро, новобаста аз таъсири манфии ҳаводиси сиёсии замон ва зулму фишори аҷнабиёни ҳоким, зери дирафши илму дониш гирифта, ин парчами ба ранги умед сабз, ҳамчун хуни қаҳрамононаш сурху мисли роҳи наслҳо ояндааш сафед ба ҷону тан ҳифз намуда, дар поёни асри ХХ ва оғози асри ХХI дар фазои Истиқлолияти давлативу миллӣ аз нав парафшон сохт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо таъзим Парчами миллиро бўсида, савганди вафодорӣ ба халқу миллатро хўрдаанд, ба масъалаи эҳтироми рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳу эътибори хоса медиҳанд. Ба таври зинда қироат намудани Суруди миллиро дар тантанаи ҷашнҳои милливу давлатӣ пайваста таъкид мекунанд ва варзишгаронеро, ки Парчами давлатиамонро дар майдону саҳнаи варзишгоҳҳои байналмилалӣ бо қуввату маҳорат ва дастоварду ғолибияташон баланд мебардоранд, бо ҷоизаву мукофотҳои арзанда қадрдонӣ менамоянд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолиямон бо мақсади бедор кардани ҳисси баланди ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди сутунпояҳои Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромад. Масалан соли 2006 дар шаҳри Хуҷанд Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2014 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Танҳо соли сипаригардида, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташриф ва ҳузури бевоситаи Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ дар маркази якчанд шаҳру навоҳии кишвар маросими кушоди қоматафрозии Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки аксари онҳо дар майдони васеи боғҳо воқеъ шуда, ҷойи сайру гашти аҳолӣ мебошанд. Дар соли гузашта бо дастуру ҳидоятҳои ватандўстона ва сиёсати ватанпарастонаи Пешвои миллат дар маркази шарҳҳои Норак, Гулистон, Ваҳдат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод, Деваштич, Кўҳистони Мастчоҳ, Рўдакӣ, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, Ховалинг, деҳаи Пўшинги ноҳияи Данғара майдону боғҳо, сутунпояҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, инчунин муҷассаммаи Исмоили Сомонӣ бунёд шуд ки дар маросими ифтитоҳи ҳамаи он худи Президенти кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳои фараҳбахши таърихӣ, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат дар кишварамон ба вуқуъ пайвастааст, барои на фақат фароғату истироҳат, балки барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, афзудани муҳаббату нанги ватандории ҷавонону наврасон нигаронида шудааст. Чунин бунёдкориҳову созандагиҳо, ки бо суръати баланд ва сатҳи ҷавобгў ба талаботи замони нав дар ҳама гўшаву канори мамлакатамон идома дорад, аз як тараф омили муҳими ташаккули ғоя ва тафаккури миллии тоҷикон, тақвияти имони ватандории шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз сўи дигар нишони барҷаста аз натиҷаҳои самарабахшу боровари сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи милливу ватандўстонаи аҳолии кишвар маҳсуб меёбад.

Аюб Усмонов, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ