​Номбардори миллат

Чанде пеш дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе иҷлосияи нахустини даъвати шашуми Маҷлиси миллӣ, ки палатаи болоии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, баргузор гардид. Яке аз масъалаҳои рӯзномаи он – ин интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баъди пешниҳоди номзадҳо ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аъзоёни Маҷлиси миллӣ номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки ба ин вазифаи масъул Рустами Эмомалӣ сазовор аст, зеро ӯ бо истеъдоди фавқулода ва донишу фазлу фаросати баланди инсонӣ дар даврони шукуфони ҷавонӣ, миёни мардуми некному пирони рӯзгордидаи кишвар нигини ангуштарини қисмат гаштааст.

Фаъолияти на чандон тӯлонии ин ҷавони саропои муҳаббат ба Ватан аз мардони накӯному ватанхоҳу ватансоз сарчашма гирифтааст ва намунаи ибрат гаштааст. Ӯ, ки зодаи диёри биҳиштосою фарҳангӣ аст, дар муҳити орому оилаи аҳл тарбият ёфта, сабру субот, таҳаммулпазирӣ барояш пешаи ирсиву аҷдодӣ мебошад.

Гуфтан ҷолиб аст, ки донишомӯзию маърифатпарварӣ, мардумнавозию ватанхоҳиро ба ӯ муҳити созгорикишвари азизамон ба ӯ мусоидат гардонидааст.

Барои боз ҳам баҳравар шудан аз уқёнуси дурдонаҳои илму маърифат баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ” бо муваффақият хатм кард. Фаъолияти меҳнатиаш аз солҳои донишҷӯияш оғоз гардидааст, яъне ҳам кор мекарду ҳам асрори касбашро меомӯхт, ки он заминаи хуб барои фаъолияти пурсамари ояндааш гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ӯ хатмкунандаиАкадемияи хизмати давлатии назди ПрезидентиФедератсияи Россия ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Истеъдоди фавқулодава донишу маҳорат, масъулиятнокӣ, меҳнатдӯстӣ буд, ки ӯро лоиқи вазифаҳои баланд, аз ҷумла сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдтар, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти Гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонидаанд. Ҳангоми фаъолият ба ҳайси муовин ва баъдтар сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ муборизаи оштинопазиронаро бо падидаҳои ношоистаи ин соҳа сар карда, аттестатсияиҳамаи кормандони ҳадамотро гузаронд, ки ин нишонаи принсипнокӣ, серталабии ӯ нисбати кору хизматчиён мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар иҷрои вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ муваффақ буд ва нисбати касбу давлат бетараф набуданихудро бори дигар собит гардонд.

Маҳз ҳамин масъулияти баланд, некназару некбинӣ, донишу маҳорат, ахлоқи ҳамида ва принсипнокии ӯ буд, ки миёни кормандон соҳиби арҷу эҳтиром гардид ва аз моҳи январи соли 2017 бо фармони Президенти Тоҷикистон ба иҷрокунандаи Вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин шуд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки вазифаи раиси шаҳр фаъолияти бисёрсамта буда, он бояд ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеарофарогир бошад. Фаъолияти худро дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва талоботи қонунҳои констисутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ роҳандозӣ намуда, бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон бо ёрию дасгирии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои беҳтар намудани шароитизисти шаҳрвандон, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаи хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ амалҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Чандин корхонаҳои хурд, марказҳои касбомӯзӣ, тандурустию варзишгоҳҳо, муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ифтитоҳ гардиданд. Ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар арафаи идҳо, ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали мардум ташкил карда мешавад, то шаҳрвандон бо нархҳои арзонтар нисбат ба бозор харидорӣ кунанд ва бо анвои хӯрок таъмин гарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар оғози соли 2020 дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дода буданд, ки “Дар шароити Тоҷикистон бе мавҷудияти саноати тараққиёфта, таъмин намудани дараҷаи баланди зисти аҳолӣ, мустақилияти иқтисодӣ, амният ва ҳалли бомуваффақияти проблемаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун аст”. Ин суханон ҷавҳари аслии сиёсати давлатамонро дар соҳаи саноат баръало нишон медиҳанд. Ин буд, ки барои рушд ёфтани соҳаи саноат, он ҳамчун ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноаткунонии бомароми миллӣ дониста шуда, дар ин самт дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе басо корҳои назаррас ба иҷро расонида шуда истодаанд, мисли ифтитоҳи иншоотҳову муассисот, асос гузоштан ба фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ.

Фарҳанг яке аз самтҳои фаъолияти Раиси шаҳр мебошад. Рустами Эмомалӣ хуб дарк менамояд, ки Тоҷикистон – мамлакати дорои фарҳанг ва анъанаҳоиқадимӣ мебошад ва нақши фарҳанг барои истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар бузург аст. Чун инсони фарҳангӣ Рустами Эмомалӣ хуб дарк менамояд, ки анъанаҳои халқӣ мардумро ба ҳам меоварад, онро сарҷамъу муттаҳид месозад. Фарҳанги тоҷикон ба шакли худ беҳамто мебошад ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ иқдоми наҷибест.Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Идҳои миллӣяке аз анъанаҳои хубест. Бо ибтикори Рустами Эмомалӣ дар ин чорабиниҳозиёдтар ҳунармандони ҷавон ҷалб гардида, сатҳи гузаронидан ва мундариҷаи онҳо беҳтар гардид, ки яке аз онҳо таҷлили Иди Наврӯз аст, ки хело хотирмон мегузарад ва ҳамасола дар дарёфти чеҳраҳои нав дар санъат мусоидат мекунад.

Бо иқдоми раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бо роҳбариимақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр ҳамасола намоишҳоикитобҳо ташкил карда мешавад, ки ин яке аз иқдоми наҷиб дар иҷрои нуқтаҳои Паёми ҳаминсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон аст. Китоб ганҷинаи илму маърифат, асоси хираду заковат, фарҳангу тамаддун ва илму адаби пойдору устувор мебошад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки саҳми Рустами Эмомалӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистончун Раиси шаҳри Душанбе дар соҳаи ободу зебо намудан, ба пойтахти намунавӣ табдил додани он назаррас аст. Бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам оварданишароити мусоид барои фароғату саёҳати меҳмонон дар солҳои рушди деҳот сайёҳӣва ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳои нек ба нақша гирифта шуда истодаст.

Таи солҳои охир симои шаҳр ба куллӣ тағийр ёфтааст. Биноҳои бисёрошиёнаи хуб тарҳрезишуда бо архитектураи хоса, маҷмӯаҳоифароғатию фарҳангӣ, боғу сайргоҳҳои навбунёд ба он ҳусну таровати нотакрор додаанд. Аз ҷумла, Боғи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Умари Хайём, Восеъ мебошанд. Боғҳои фарҳангию фароғати ба номи С. Айнӣ, Кӯли Ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба ва дигар хиёбонҳои баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуда, макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидааст, ки ин ҳама пеш аз ҳама бо ташаббуси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва ҷонибдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти Давлатии шаҳри Душанбе бо сарварии Рустами Эмомалӣ мебошад.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ дар тӯли фаъолияти ҳаматарафаи худ бомасъулият меҳнат карда, барои иҷрои рисолати касбии худ кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Вай сиёсати дохилию хориҷии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, дастуру супоришоти Пешвои миллатро оид ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ноил шудан ба ҳадафи олии стратегии давлат – таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар, ба таври намунавӣ содиқона иҷро намуда истодааст. З-ин сабаб мо аҳли ҷомеаифакултети забонҳои хориҷӣ, ки узви Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба шумор меравем, ба вазифаи Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонинтихоб шудани Рустами Эмомалиро ҷонибдорӣ намуда, бо итминони томмегӯем, ки ӯ ба ин вазифа сазовор аст.

Хоҳони онем, ки дар ин ҷода Рустами Эмомалӣ муваффақ гардад ва барои гул-гул шукуфон гаштани Тоҷикистони азизамон камари химмат баста, барои ноил шудан ба мақсад ҳамаи нерӯи зеҳнию донишу таҷрибаи худро истифода барад.

Абдуллоева М.А., доктори илмҳои педагогӣ, профессор,

декани факултети забонҳои хориҷӣ

Неъматуллоева М.Н. дотсенти кафедраи фонетика ва лексикологияи

забони англисӣ МТД “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ