​Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!

Хушбахтона, бар сари мардуми тоҷик офтоб нурпошӣ кардусоҳибистиқлол шудем. Баъди истиқлолиятро ба даст овардани Тоҷикистон чи рўзҳои вазнинро паси сар намуд. Ва ҳамаи мо воқиф ва шоҳиди он ҳастем, ки барои сулҳ ва суботи халқмарди соҳибдиле ҷонкориҳои зиёд намуданд, то ки халқи тоҷик парокандаву бехонаву манзил намонад, фарзандонамон рўзи некро бинанд, сулҳ бошад, ҷангу бадбиниҳо аз сари мардуми тоҷик дур гардад.Худои мутаол, ба бахти мардуми мо ба сари давлат абармардеро овард, ки он кас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин марди бузург то ба сулҳу амонӣ пойдор шудан хизматҳои зиёде намуданд. Шахсан бо ибтикори он касдар мамлакатамон ҷинтиву оромӣ, сериву пуррӣ, чӣ қадар ободкориву созандагӣ шуд ба ҳама маълум аст ва мо бояд аз ин шукрона намоем.

Шаҳрвандони куҳансоле, ки солҳоиШўрави дар шаҳри Душанбе истиқомат доштанд, шаҳри Душанбеи имрўзаро бо шаҳри Душанбеи онвақта муқоиса карда метавонанд. Айни ҳол истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе шаҳрвандони хушбахттарин ба ҳисоб мераванд, ки дар чунин як шаҳри зебову орому зебо умр ба сар мебаранд. Ин ҳама пешравиҳою созандагӣ тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вуқуъ омадааст. Рустами Эмомалӣ дар як муддати кўтоҳ шаҳри Душанберо дар ҳақиқат ба маркази пойтахти Ҷумҳурӣ, табдил доданд ва бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фахр кунад, ки чунин пойтахти зебо дорем. Ҳоло Душанбе яке аз шаҳрҳо зеботарин дар байни шаҳрҳои ҳамсоя гўем, ҳам хато намекунем. Ин зебогии пойтахт худ ба худ пайдо нашудааст, ин аз ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал доштани Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣба миён омадааст.

Фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозии тоҷикон, ки таърихи қадимаеро соҳиб аст, ба унвони яке аз муҳимтарин унсурҳои тамаддуни миллии мо дар ҳама давру замон дар ҳоли рушду таҳаввулот қарор дошта, падидаҳои шоистаи он ба таркиби тамаддуни башарӣ шомил шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм, ки мо моҳи сентябр 5500 солагии онро ҷашн мегирем, шаҳодати гуфтаҳои боло аст.

Душанбеи азизи мо имрўз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, воқеан дар тарҳу симову сурати Душанбе падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории классикӣ ва ҷаҳони муосир муҷассам аст, ки мо дар гўшаву канори олам ба мушоҳида мегирем. Қоматафрозии биноҳои баландошёнаи дорои унсурҳои фарҳанги миллӣ ва муосир, меҳмонхонаҳо бо муаррифии падидаҳои миллӣ ва хидматрасонии сатҳи баланд, боѓҳои фарҳангӣ, варзишгоҳу муассисаҳои маорифу тандурустӣ, коҳи фарҳангии муҷаҳҳаз ба воситаҳои ҷавобгў ба ниёзҳои замон моро итминон мебахшанд, ки барҳақ Душанбеи мо имрўз машҳури дунё ва тахтгоҳи тамаддуни миллӣ ва ҳам ҷаҳонӣ гардидааст. Душанбе имрўз моро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо мо пайванд мекунад.

Тайи чанд соли охир тавассути талош ва кўшишҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаҳониён шоҳиди он гардида истодаанд, ки шаҳри Душанбе дар баробари тарҳу симои хешро дигаргун намудан, ба яке аз марказҳои бузурги тамаддуни инсонӣ, муаррифгари ҳақиқии фарҳанги бузурги шаҳрсозии миллии мо бадал мешаванд. Дар кўтоҳтарин фурсат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чандин боѓҳои бузурги фарҳангиву фароѓатӣ ва эҳёи фарҳанги миллии тоҷикон, унсурҳои тамаддуни шаҳрофарӣ ва шаҳрдорӣ ном ва корномаҳои шахсиятҳои беназири миллати моро зинда мегардонанд. Аз ҷумла, ба номи Куруши Кабир, Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ номгузорӣ шудани ин маконҳои беназири фарҳангӣ оламиёнро дар вусъати ин шаҳри азизу дилҷавони тоҷикон ба ҷаҳони маънавият ва адабу фарҳанги миллӣ раҳнамоӣ мекунанд.

Рустами Эмомалӣ дар як муддати кутоҳ дар арсаи сиёсат ҳамчун роҳбари кордону бомаҳорат ном бароварданд. Он кас дар мактаби сиёсие парварда шудаанд, ки барои миллати тоҷик истиқрору сулҳро овардааст ва якпорчагии миллати тоҷикро таъмин кардааст. Симои шаҳри Душанбе маҳз бо кўшишу заҳматҳои пайвастаи Рустами Эмомалӣ дигаргун гардида, ба як макони дилфиреби сокинони мамлакат табдил ёфт.

Мо боварии комил дорем, ки истифода шудани чунин таҷрибаи корӣ дар Маҷлиси миллӣ ба ҳаёти сиёсии мамлакат бетаъсир нахоҳад монд. Ин гуна ташаббусҳо идомаи сиёсати ваҳдатгароёна буда, таъмин кардани шароити хуби зиндагӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат дар марҳалаи навин ба шумор меравад. Эътимоду боварӣ ба ҷавонон дар арсаи сиёсати вақт бори дигар ба он ишорат мекунад, ки ҷавонон имрўз лаёқати идораи сохторҳои роҳбарикунандаро доранд ва барои ҷавонон шароити мусоиди корӣ фароҳам омадааст.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки бо баробари Раиси Маҷлиси миллӣ таъин гардидани Рустами Эмомалӣ дар пешбурди ҳамаи соҳаҳои мамлакатамон боз чӣ қадар навгониҳо, созандагию ободкорӣ ва беҳдошти зиндагии мардум ба миён меояд. Бо боварии том гуфта метавонем, ки саҳми муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ободонии шаҳри Душанбе хело назаррас буд, ҳаст ва идома меёбад.

Ба фаъолияти минбаъдаи меҳнатии сиёсиву шаҳрдорӣ ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ барори кор мехоҳем.

Декани факултети математикаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” Бобохонов Қ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ