​Рустами Эмомалӣ – шахси арзанда

Дар санаи 17 апрели соли 2020 ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар маҷлис номзадии Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ карда шуд. Тибқи моддаи сеюми дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ номзадии Рустами Эмомалиро пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқ, ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ интихоб гардид.

Мо коллективи устодон, омӯзгорон вакормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалиро ҷонибдорӣ намуда, боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, иқтисодиёти кишварамонро баланд мебардоранд.

Омӯзгорони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт: Каримова Ф. ва Мирзоқобилова Ф.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ