​Ганҷи сухан ёдгори ҷовидон

«Ҳар нафаре, ки хоҳад муҳаққиқи хуб гардад, бояд ҳар рўз, ақаллан, панҷоҳ саҳифа китоб бихонад ва панҷ саҳифа бинависад...».

Абдуманнони Насриддин

Абдулманнони Насриддин инсоне буданд фидоии илм. Ҳамин сарсупурдагӣ дар роҳи таҳқиқ буд, ки илмро барои бисёр пайравони худашон ҳамвор намуданд ва онҳо низ дар як муддати кӯтоҳ соҳибмактаб гардиданд. Имрӯз аз мактаби илмии ин шахси гаронқадр, ки дар ҳавзаи илмии Хуҷандшаҳр ташаккул ёфту торафт рушд менамояд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ ба некӣ ёд мекунанд, Абдулманнони Насриддин олими пурмаҳсуланд. Дар луғатшиносӣ, шарҳнависӣ, таърихи адабиёт, нақди адабӣ, матншиносиву сарчашмашиносӣ, тафсиру куръонпажӯҳӣ вағайра таълифоти зиёде доранд, ки ҳар яке аз арзишҳои хоса бархурдоранд, Ба аҳди таҳқиқ пӯшида нест, ки муҳимтарин рисолаҳои донишманди фарҳехта, аз қабили «Нависанда ва шореҳи осори адабӣ», «Маърифат ва шарҳи адабиёт», «Матншиносии осори адабӣ», «Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд», «Рудакӣ», «Бо корвони нур» ва ҳоказо чӣ хидмате барои илми адабиётшиносии тоҷик анҷом додаанд.

Устод Абдулманнони Насриддин ҳақиқатан ҳам аз зумраи чунин ашхосе буданд, ки асосҳои назариву амалии илми суханшиносии тоҷикро бо тамоми нозукиаш медонистанду дарк мекарданд ва бо ҳамин фазилати олимонаи хеш аз дигарон имтиёз доштанд. Маҳз туфайли роҳнамоиву дастгириҳои устод имрӯз чандин шарҳҳову фарҳангномаҳо, аз қабили «Баҳори борон» – шарҳи «Гулистон», шурӯҳи қасоиди Носири Хусраву Ҳоқонии Шарвонӣ, шурӯҳи «Маснавин маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Фарҳанги Қаввос», «Шарафномаи Мунярӣ», «Фарҳанги Низом» ва ғайра мавриди таҳлилу таҳқиқ, қарор гирифта, қисме аз онҳо ба табъ низ расидаанд. Боз як хидмати бузурги устод Абдуманнони Насриддин барои кулли устодону шигирдон ин бунёд гузоштани маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” мебошад, ки нишасти аввалини он 15 апрели соли 2004 дар кафедраи адабиёти классикии тоҷик баргузор гардида буд. То соли 2011 ин маҳфилро худи устод роҳбарӣ карда омаданд. Дар ин дарозо дар маҳфили “Ганҷи сухан” беҳтарин донишмандону суханварони ватаниву бурунмарзӣ, аз қабили Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмадов, Носирҷон Салимов, Матлубаи Мирзоюнус, Низомиддин Зоҳидов, Умеда Ғаффорова, Мусавии Гарморудӣ, Фарзона, Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ ва даҳҳо дигарон бо маърӯзаҳои илмиву адабӣ гузориш намудаанд. Маҳз матонату далерӣ ва заҳматкашиву меҳнатдустӣ дар ҷодаи илм устод Абдулманнони Насриддинро бузургӣ бахшид.

Офаридгори бахшандаву меҳрубон низғайрату кӯшиши устодро писандида, ба ибораи халқӣ-аз ту ғайрат, аз ман баракат, - гӯён ба вай неъмати бебаҳову пояндаро арзонӣ дошт, ки илм аст. Худи устод Абдулманнони Насриддин замони донишҷӯии мо, вақти таълими рӯзгору осори Камолиддин Биноӣ байти зерро аз маснавии «Беҳрӯзи оқибатфурӯз ва Баҳроми нуҳусат анҷом» ҳамчун катиба бароямон сабт кунонида буданд: Ҳаст илм он чи боқии абад аст, Ҳар чи ҷуз илм, об дар сабад аст.

Имрӯз мо, шогирдони устод фахр аз он дорем, ки дар ҳар анҷумани илмие, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва шаҳру вилояти азизамон баргузор мешавад, албатта, бо ному шахсияти устоди арҷманд Абдулманнони Насриддин гиреҳ мехӯрад,

Дар ин лаҳзаҳо ҳамвора дар пеши назари кас симои нуронии устод падидор мегардад ва байти зерини Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона дар зеҳнҳо тантана месозад: Эй дар дили мо рахшон сад машъала нури ту, Рафтиву ҷаҳон бодо саршори ҳузури ту! Воқеан ҳам номи устод Абдулманнони Насриддин ва мактаби илмиашон дар ҳавзаи илмии Хуҷанди бостон шабеҳи сарҳалқаест, ки силсилаҳои илмиро мепайвандад ва ҳамвора устувор нигоҳ медорад.

Мавҷуда ӮРУНОВА, мудири кафедраи адабиёти классики факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ