​ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

Дар толори раёсати Донишгоҳ 11 феврали соли 2026 вохӯрии нозири шуъбаи раводиди Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Мутриба Исломзода ва намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҳина Негматуллоева бо донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбия Бахтиёр Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими интизом ва тарбияи ҳисси масъулиятшиносии донишҷӯён ва риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Маҳина Негматуллоева доир ба тарғиби сару либоси миллӣ, ҳифз ва гиромидошти ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсилу ҳунармандӣ ибрози назар намуд.

Сипас, майори милитсия Мутриба Исломзода вобаста ба иҷрои талаботи фармоишоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тартиби татбиқи қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқомат ва баромадани донишҷӯёни хориҷӣ аз қаламрави кишвар» ва «Бақайдгирии муваққатии донишҷӯёне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо мақсади таҳсил ба донишгоҳи мазкур омадаанд» маълумоти мушаххас ироа намуда, оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, нашъамандӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва муқовимат ба коррупсия сухан гуфт.

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ дар фазои созанда доир гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими интизом, риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти ҳисси масъулиятшиносии онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.

Чорабинӣ бо табодули афкор ва саволу ҷавоб байни донишҷӯён ва масъулон ҷамъбаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ