​ҲУЗУРИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар ҳошияи ташрифи расмӣ ба вилояти Суғд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элса Пинёл ба Донишгоҳ ташриф овард.

Ин боздид ҳамчун рӯйдоди муҳим ва нишонаи равшани таҳкими робитаҳои дӯстона, фарҳангӣ ва таълимии байни Тоҷикистону Фаронса арзёбӣ мегардад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронсаро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ба ҳузур пазируфта, доир ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ ва тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони фаронсавӣ ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки ҳамкории донишгоҳ бо Сафорати Фаронса ва Алянс Франсэз – Хуҷанд ба яке аз самтҳои босамар дар рушди забони фаронсавӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ табдил ёфта, омӯзиши касбии забони фаронсавӣ аз ҷониби сармуаллим Муқим Темуров, соҳибзабонон Энзо Падован ва Максимилян Сант-Албан таълим дода мешавад.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла ташкили синфхонаҳои лингафонӣ, таъмин бо китобҳои дарсии муосири фаронсавӣ ва боло бурдани сифати таълими забони фаронсавӣ дар Донишгоҳ байни ҳам табодули андеша карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ