Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад

Солиёни зиёд тоҷикону қирғизҳо дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, дар беҳбудии зиндагии ҳамдигарӣ нақши назаррас доштанд ва бояд минбаъд низ дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ дар деҳоти наздимарзӣ кору зиндагӣ намоянд. Аммо иғвои навбатии қирғизҳо боиси моҷарои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар ҷамоати деҳаи Овчи Калъачаи ноҳияи Бобочон Ғафуров рух дод, ки дар натиҷа вазъият дар марзи тоҷику қирғиз боз муташаннич гардид. Дар асари тирпарронии марзбонони қирғиз полковники тоҷик Рустам Убайдуллоев ва инчунин сарбозон Рамазон Исмоилов ва Ғиёсиддин Суванов ба халокат расиданд. Сабаби моҷаро аз тарафи Қирғизистон хилофи созишнома дар минтақаи баҳс оғоз шудани корҳои сохтмони мебошад. Мардуми деҳаи Овчиқаълача мехост, ин вазъиятро бо роҳи осоиштагӣ ҳал кунад, сарҳадчиёни қиргиз вазъиятро ба низоъ кашиданд.

27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардида, дар он аҳамияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда буданд, аммо ба ин ҳаракатҳо нигоҳ накарда, дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлаки Қирғизистон аз тарафи қирғизҳо муноқиша ба вуҷуд оварда шуд.

Воқеаҳои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қарийб чанд вақт боз содир мешавад, барои вайрон шудани дӯсту бародарии мардуми тоҷику қирғиз сабаб шуда наметавонад. Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ивази заҳматҳои бузурги маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, машаққат ва сабру таҳаммули беқиёс насиби оромӣ гардидааст ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад.

Аз рӯи хабари тоза, 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карданд.

Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад”.

Ҷӯраев М.Б., муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносиии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ