ВАБОИ НОХОНДАИ АСР...

Ба таъриху тамаддун ва ҳодисаҳои муайяни он бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқатҳои ниҳонаш зиёиён, равшанфикрон борҳо назар мекунанду фарзияву хулосаҳои худро мебароранд. Аммо агар ин гуна нигоҳҳо бо чашми хирад набошад, таърих на танҳо ҷаҳолати назаркунандагонро ошкор месозанд, балки бо таҳлилҳову андешаҳову хулосаҳои нодурусташон мардумро ба гумроҳӣ ва кӯчаҳои сарбаста мебаранд. Аксар вақт дар бораи чӣ хуб асту чӣ бад аст зиёиён сухан мегӯянд. Барои ҳамин ҳам зиёиро ақли халқу миллат мегӯянд.

Њукумати мамлакат аз хатаре, ки имрӯз ба сари мардуми олам омадааст ҳеҷ гоҳ дар канор нестанд. Тамоми қувваву идроки хешро ба он сарф мекунанд, ки ягон нафар мардуми ҷаҳон , аз ҷумла тоҷикон гирифтори бемории ин вабои аср-коронавирус нагарданд.

Ташвише, ки Њукуматро аз вазъияти ҷаҳони муосир ором намегузорад ин таъмин намудани аҳолии мамлакат ва кишвар бо лавозимоти доруворӣ ва ниқобҳои пешгирандаи коронавирус мебошад. Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани ин вабои аср, ҳарчи бештар эмин доштану дур шудани аҳолӣ аз вирусҳои гуногун мебошад. Ҳамеша ба гигиенаи саломатӣ эътибор додан, шустани дастон бо маҳлулҳои антисептик ва ҳамеша дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо ниқобҳои тиббӣ мебошад. Њукумат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то мардуми дар мусофир буда, ки имрӯзҳо дар Руссияву дигар давлатҳои ҷаҳон иқомат доранд ҳар чи тезтар ба Ватан баргардонид шаванд. Барои ин амал вақт лозим аст. Зеро якбора овардани мардуме ки дар кишварҳои гуногун , ки он ҷо вирус маскан гирифтааст, ба саломатии мардуми кишвар зарари ҳам модӣ ва ҳам маънавӣ дорад.

Агар ба таърих назар кунем, дар замони давлатдории Сомониён ва дига нухбани мо аз ҷумла Саъдӣ, ҳадафаш ин буд, ки қавми мо худшинос бошаду дар пойдории давлаташ истодагарӣ карда тавонад. Аз ин ҷост, ки ҳакиме ба ишора менависад:.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.


Султонов Р.Н.-сармуаллими каф. табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ