ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИДҲОИ МУҲИММИ ГЛОБАЛӢ ДАР ДАВРОНИ МУОСИР

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ ва дар масири барқарорсозии Ваҳдати миллӣ, бо монеаҳои сангини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ин мушкилот боиси хисороти бузурги молиявию моддӣ гардиданд. Бинобар ин, барои таҳкими арконҳои давлатдорӣ, пойдории иттиҳоди миллӣ ва таъмини суботи сартосарӣ, кишвари мо ба пешгирӣ ва несту нобуд кардани падидаҳои манфии сиёсӣ, бахусус терроризм ва экстремизм, ниёзи ҷиддӣ дорад.

Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор рафта, моҳияти он дар содир намудани ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштори инсонҳо, гаравгонгирӣ, таркиши иншооти истеҳсоливу маишӣ ва рабудани воситаҳои нақлиёт ифода меёбад. Экстремизм бошад, бо хислатҳои ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезӣ тавсиф шуда, бо терроризм пайванди ногусастанӣ дорад. Ба ибораи дигар, ҳадаф ва натиҷаи ниҳоии экстремизм ҳамон терроризм аст. Дар маҷмуъ бояд қайд кард, ки ҳардуи ин истилоҳ хатари бузурги бесарусомонӣ ва парокандагиро эҷод карда, оқибатҳои бисёр нанговар доранд.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», ин падида ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба раванди қабули қарорҳои мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ё созмонҳои байналмилалӣ дониста мешавад, ки бо тарсонидани мардум ва дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ амалӣ мегардад.

Вожаи экстремизм аз калимаи фаронсавии «extremisme» ва лотинии «extremus» сарчашма гирифта, маънои луғавиаш тундравӣ, ифротгароӣ, андешаҳо ва амалҳои ҷангҷӯёнаву аз ҳад гузаштанро дорад. Экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ усулҳои якравию тундравиро пеша мекунад. Ин зуҳурот метавонад дар ҳама бахшҳои ҳаёти инсон – аз дину сиёсат ва идеология сар карда, то илму варзиш пайдо шавад.

Экстремизм ифодагари мафкура ва фаъолиятест, ки барои бо роҳи зӯрӣ ва дигар амалҳои зиддиҳуқуқӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва мазҳабӣ равона шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои минтақа, хатарҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди устувори худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ имрӯз шаклҳои навро касб намуда, доираи фаъолияти онҳо васеъ шудааст ва усулҳои ҳамлаву ҳадафҳои онҳо доимо тағйир меёбанд.

Дар олами имрӯза равандҳое мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ё минтақа, балки ба тамоми сайёра ва кулли башарият таҳдид мекунанд. Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи ҳамин гуна зуҳуроти номатлуб мебошанд, ки хатари байналмилалӣ дошта, тамоюли паҳншавиро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон доранд ва боиси таваҷҷуҳи ҷиддии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо гаштаанд. Гарчанде ки ин падидаҳо танҳо маҳсули ин аср нестанд, вале дар марҳилаи нав симои тоза гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккабро пайдо кардааст. Дар ҳоли ҳозир ва дар оянда низ, ин ду зуҳурот ҳамчун хатарноктарин таҳдидҳо барои инсоният боқӣ монда, бо истифода аз технологияҳои муосир, ки босуръат пеш мераванд, тарзу усулҳои нави истифодабариро пайдо мекунанд.

Барои мисол, танҳо дар даҳ соли охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони ин амалҳои зишт гашта, ҳазорон нафари дигар маъюб шуданд. Ҳалокати ҳазорон нафар, бахусус занону кӯдакон, ки қисми осебпазири ҷомеаанд, гувоҳи он аст, ки ин кирдорҳои ваҳшиёна ба ҳеҷ кас раҳм надоранд ва танҳо ҳамчун василаи расидан ба ҳадафҳои нопок аз ҷониби гурӯҳҳои ҷоҳилу бехирад ва аз фарҳанг дур истифода мешаванд.

Созмонҳо ва ҳаракатҳое мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Боко-Ҳарам», «ДИИШ» ва амсоли онҳо аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф шудаанд, ки мақсади асосии онҳо бо роҳи ҷинояткорӣ пайдо кардани нуфузи сиёсӣ мебошад. Фаъолияти як қатор чунин ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ манъ карда шудааст.

Ин ташкилотҳои экстремистию террористӣ, ки фаъолияташон дар кишвари мо мамнуъ аст, бо сохторҳои байналмилалӣ робитаҳои зич дошта, дорои манбаъҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи кории таҳрибкорӣ мебошанд.

Бояд қайд кард, ки ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон гуногунанд, вале онҳоро ду хусусияти умумӣ муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ ва заиф сохтани пояҳои ҳокимият нигаронида шудаанд ва сониян, ин ҳаракатҳо дар байни мардум ҳисси тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоранд. Тибқи Фасли 8, Боби 21-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноятҳо ба зидди амнияти ҷамъиятӣ моддаҳои 179 то 180-ро дар бар мегиранд. Мувофиқи моддаи 179-и Кодекси мазкур, терроризм — ин содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ ё дигар амалҳое мебошад, ки хатари марги одамон ё зарари ҷиддии молиро ба бор меоранд, ба шарте ки ин амалҳо бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ё таъсиррасонӣ ба мақомоти давлатӣ анҷом дода шаванд.

Мақсади нахустини терроризм эҷод кардани воҳима ва таҳлука дар байни мардум ва тавассути он фишор овардан ба мақомоти ҳукуматӣ мебошад. Ин гуна ҳаракатҳо ҳадаф доранд, ки мақомоти давлатиро ба қабули қарорҳои ғайриҳуқуқии ба манфиати ҷинояткорон равонашуда маҷбур созанд ё обрӯи давлатро паст зананд.

Мутаассифона, дар натиҷаи ин гуна амалиётҳои террористӣ, ки бо номи Ислом анҷом дода мешаванд, шумораи зиёди одамони бегуноҳ нобуд гашта, дар байни пайравони динҳои дигар нисбат ба Ислом ҳисси бадбинӣ ба вуҷуд меояд ва барои рушди кишварҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мешаванд. Оқибатҳои ифротгароӣ ва терроризм на ба фоидаи башарият ва на ба фоидаи халқҳои мусулмон аст. Хисороти моддӣ ва маънавӣ аз ин амалҳо бешумор мебошад.

То имрӯз олимони соҳаҳои гуногун сабабҳои пайдоиши ин падидаҳоро меомӯзанд. Қисме аз онҳо омилҳои иҷтимоиро сабаби асосӣ медонанд, қисми дигар бошад, инро ба ихтилофҳои сиёсии байни давлатҳо вобаста мешуморанд.

Ҳамзамон, муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизмро (сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, кибернетикӣ ва ғайра) муайян кардаанд, ки дар байни онҳо терроризму экстремизми диниро хавфноктарин меҳисобанд. Ба ақидаи олимон, экстремизм дар дин бештар қобилияти ҷалбкунӣ дорад ва дар тамоми ҷаҳон дида мешавад. Зеро ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад карда, амалҳои худро аҳкоми динӣ меноманд, ки ин танҳо барои сӯистифода аз эътиқоди мардум буда, ба арзишҳои ҳақиқии динӣ ҳеҷ рабте надорад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд таъкид мекунанд, «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест», ки ин нишон медиҳад, ки ин амалҳои номатлуб бо дин пайванде надоранд.

Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибмаърифат, махсусан ҷавонон, бояд фирефтаи афкори дурӯғини чеҳраҳои сиёсӣ нагарданд ва дар пайи омӯзишу баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии худ бошанд. Суботу амнияти Тоҷикистон ва ҳифзи марзҳои он барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳо бо ин зуҳурот мубориза бурда, барои пешгирии оқибатҳои он талош мекунад. Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқиро қабул кардааст, ки ба ҳифзи амнияти шаҳрвандӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (2020) ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» қабул шудаанд, ки заминаи муборизаро мустаҳкам мекунанд.

Дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати махсус ва Ситоди байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи онҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти оперативӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва пешгирии ҷалби шаҳрванд ба ин гурӯҳҳо мебошад.

Ҳамин тариқ, дар канори тадбирҳои давлатӣ, муборизаи дастҷамъонаи тамоми ҷомеа зарур аст. Танҳо ҳамкории мақомот бо аҳолӣ ва ҳушёрии мардум метавонад пеши роҳи ин хатарҳоро гирад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосӣ бояд пояҳои давлатдориро эҳтиром намуда, бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамчун сипари боэътимод мубориза баранд.

М.Б.Мирзомуротова, Ш.М.Мирзозода,

омӯзгорони кафедраи тарҷума ва грамматикаи

забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ