​ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР

Тоҷикистон бар асоси муқаррароти Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ эълон гардида, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмуъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии кишвар ба ҳисоб мераванд. Аммо, дар қатори ҳамаи ин имкониятҳо ва шароитҳои мавҷуда инчунин як зумра хафву хатарҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки ба амнияти миллии кишвар таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд меоранд. Дар байни онҳо ифротгароӣ ва терроризм яке аз зуҳуроти манфӣ ба шумор рафта, дар таҳкими давлатдории миллӣ ҷиддан халал мерасонад.

Терроризм – ҳамсафари доимии башарият буда, то ин давра шаклҳои гуногун пайдо намуда, хавфи он оламгир гаштааст. Амалҳои террористӣ боиси талафоти зиёди одамон мегардад, ба мардум фишори шадиди равонӣ меорад, боиси аз байн рафтани сарватҳои моддӣ ва маънавӣ мегардад, ки баъзан барқарор кардани он ғайриимкон аст. Амалиёти террористӣ барои ба даст овардани таъсири муайян тарҳрезӣ карда мешавад, аз қабили ба ҷамъият, доираи васеи одамон таҳдид, тарсу ҳарос, эҷод мекунад. Ҳамаи давлатҳо ва халқҳои дунё дар мубориза бо терроризм бояд муттаҳид гарданд, зеро ки ин падида яке аз маммоҳои ҷаҳонии асри XXI ба ҳисоб меравад.

Дар паёмҳои хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рақобатҳои носолими бархе аз кишварҳо, ки боиси афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд, изҳори нигаронӣ намуда, мунтазам халқи тоҷикро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддуни аҷдодӣ ва ҳифз намудани сулҳу ваҳдати миллӣдаъват менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.

Новобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор пайдо намуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ–ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуби ҷомеаро фаро мегирад.

Азбаски дар шароити муосир терроризм ва ифротгароӣ хусусияти трансмиллиро гирифтаанд, мубориза бо ин аъмоли номатлуб танҳо бо роҳи ҳамкориҳои байналмилалии зиддитеррористӣ имконпазир аст. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм ва терроризмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад. Аммо масъалае, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигарон намудааст ин шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд. Шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бештар хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ дошта, баъзе аз онҳо фирефтаи тарғиботи ҷалбкунандаи ин гуна ҳаракатҳо мешаванд ва мушкилоти худро бо ин роҳу васила ҳал кардан мехоҳанд.

Пешгирии шомилшавии гуруҳе аз ҷавонони кишвар ба созмонҳои хусусияти террористӣ ва ифротидошта вазифаи танҳо давлат набуда, дар ин ҷода ҳар як аъзои ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Дар ин самт чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ, боло бурдани руҳияи таҳаммулпазирии онҳо, рушди тафаккури ҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар чораҳои ба ин монанд дар раванди пешгирии ифротгароӣ ва терроризм мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Қобили қайд аст, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳими ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар заминаи Паёмҳои Сарвари давлат ва дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Имрӯз беш аз ҳарвақта зарур аст, ки тамоми саъю кӯшишро ба он равона сохтан лозим аст, ки шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ пешгирӣ карда шавад. Ҷавононро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ сафарбар намудан зарур мебошад, зеро ҷавонон ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд.

М.А.Рашидӣ, муаллими калони кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ