​Телекоммуникатсия ва ТИ: Мусобиқаи футболи хурд байни гурӯҳҳои академӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои академӣ мусобиқаи футболи хурд оғоз гардид.

Хушбахт Нуриллозода, декани факултет зимни ифтитоҳи мусобиқа таъкид дошт, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъмин гардида, ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардад.

Декани факултет дар мавриди ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани санаи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ибрози назар намуда, аз нуфузу мақоми футбол миёни навъҳои дигари варзиш таъкид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур донишҷӯписарони курсҳои якум то сеюми факултет иштирок намуда, мусобиқа дар давраи 1/4 финал, 1/2 финал ва финал гузаронида мешавад.

P.s. Тафсилоти бештар аз ҷараёни мусобиқа дар гузоришҳои минбаъда дарҷ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ