ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШГОҲИ ПОЧТА ВА ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯИ ЧУНСИНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Санаҳои 18-22-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи шаҳри Чунсини Ҷумҳурии мардумии Чин Форуми байналмилалии ректорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни баргузории он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Малоҳат Эҳсонзода ва ҷонишини сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Маҳинабону Бобоҷонова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳошияи сафар байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур барои ташкили имкониятҳои нави ҳамкории академӣ, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омӯзиши таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Чин заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин, густариши барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, инчунин боло бурдани нуфуз ва рақобатпазирии Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил