ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ОМӮЗГОРОН ОҒОЗ ГАРДИД
Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Руссия аз 1 то 6 июни соли 2026 дар Донишгоҳ курсҳои байналмилалии такмили ихтисос барои омӯзгорон оғоз гардиданд.
Маросими ифтитоҳи курсҳои бозомӯзӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва намояндагони муассисаи шарик баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Малоҳат Эҳсонзода намояндагони Маркази таҳсилоти кушоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои самараноки байнидонишгоҳӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва таҳкими робитаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи барномаи таълимӣ дотсентони кафедраи математика ва методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой-Оксана Сергеевна Гибельгауз ва Ирина Геннадьевна Кулешова ба ҳайси роҳбарони курсҳои бозомӯзӣ фаъолият намуда, барои иштирокчиён 36 соати академии машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро баргузор менамоянд.
Курси такмили ихтисос таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар таълими фанҳои физика ва математика» роҳандозӣ гардида, дар он 60 нафар омӯзгорони факултетҳои математика, физика ва техника, инчунин таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус иштирок доранд. Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири таълим, усулҳои фаъоли омӯзгорӣ, рақамикунонии раванди таълим ва таҷрибаҳои пешқадами таълими фанҳои дақиқ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Ташкили чунин курсҳои байналмилалии такмили ихтисос ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, такмили сатҳи донишҳои забонӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар доираи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот пайваста ҷиҳати роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ бо муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида, барои рушди неруи зеҳнӣ ва такмили иқтидори касбии омӯзгорону муҳаққиқон шароити мусоид фароҳам меорад.
Маркази иттилоот