ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик 18-уми декабр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ташриф овард.

Меҳмононро ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Зимни мулоқот роҳбари Донишгоҳ таъкид намуд, ки бо ирода ва дастгирии роҳбарияти олии ҳарду кишвар ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, технология, иқтисод ва фарҳанг пайваста рушд меёбанд. Ба шарофати сиёсати “Дарҳои кушод” ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ташаббусҳои муҳимми фарҳангиву таълимӣ амалӣ мегарданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба фаъолияти муштарак ва натиҷаҳои кори Гӯшаи забон ва фарҳанги Корея дар Донишгоҳ маълумот пешниҳод шуд. Зикр гардид, ки дар ин Марказ беш аз 50 нафар шунаванда таҳсил намуда, забони кореягиро меомӯзанд. Айни ҳол 13 нафар соҳиби сертификати донандаи забони кореягӣ гардидаанд, ки ин нишондиҳандаи равшани густариши ҳамкориҳо мебошад.

Ректори Донишгоҳ аз фаъолияти омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ — хонум Ҷонг Ён Хи ва ҷаноб Хонг Ён Квуй — изҳори миннатдорӣ намуда, изҳори умед кард, ки онҳо дар тарбияи шогирдони забондон саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ пешниҳоди муҳимми ҳамкорӣ дар самтҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ манзур карда шуд, ки метавонад дар оянда барои таҳкими робитаҳо заминаи мусоид фароҳам оварад. Аз ҷумла, вобаста ба ташкил ва таъсиси ихтисоси забони кореягӣ аз ҳарду ҷониб пешниҳодҳои судманду созанда пешниҳод гардиданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори сипос аз ҳамкории судманд андешаҳои худро баён намуда, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Корея, бастани меморандумҳо ва татбиқи нақшаҳои минбаъда иброз дошт.

Мулоқот дар сатҳи баланд сурат гирифта, дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ