​ТАНҚИДИ ХУРОФОТУ ИФРОТГАРОӢ ДАР АСАРҲОИ МАОРИФПАРВАРОН

Дар тамоми даврони ҳаёти сиёсии мардуми тоҷик ҷараёнҳои мухталифи фарҳангӣ, доираву макотиби адабӣ амал мекарданд, ки зиндагии мардумро ба маънавиёт, илму маърифат, шинохти асрори олам, раҳоӣ ҷустан аз хурофоту ифротгароӣ пайванд месохтанд.

Хушбахтона, чунин равандҳои маърифатпарвариро шахсиятҳои бузурги адабиву ҳунарӣ дар кулли адвори таърихи миллат сарпарастӣ менамуданд ва аз фурӯғи донишу ҳикмати онҳо ҳазорони дигар баҳраманд мегардиданд. Яке аз онмаорифпарвароншоир, нависанда ва файласуф Аҳмади Дониш мебошад, ки дар асрҳои хеш бобатихатари хурофот ва ифротгароӣ барои пешрафти ҷомеа ва халқу миллатизҳори анадеша намуда, ба ин василабарои беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум, баҳри раҳои ёфтан аз бидъату хурофот, кидар ҳаммаи давраҳоомили пастравӣ ва ҷаҳолати мардум, сар задани ҷангу бедодгариҳо ба ҳисоб мерафт, мубориза мебурданд.Ин қазия шаҳодати он аст, ки аз давраҳои пешин шахсиятҳои мунири таърихӣяке аз роҳҳои пешравии ҷомеаро мубориза бо хурофоту ифротгароӣ шинохта, пайваста дар асарҳои хеш ҳамин ғояҳои тамаддунофарро тарғибу ташвиқ менамуданд.

Махсусан дар Осиёи Миёна, дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ бедориву озодии равшанфикрон боиси таҳким ёфтани робитаҳои фарҳангии Аморати Бухоро бо Русияи подшоҳӣ гардида, тадриҷан роҳи Аврупо барои мардуми ин сарзамин боз шуд. Маорифпарварон, Аҳмади Дониш, ки се маротиба ба Петербург сафар карда буд, сонитар Мирзо Сироҷи Ҳаким, Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Абдурауфи Фитрат барин фозилон бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Аврупоро барои худ кашф намуда, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки бо ифротгароиву хурофот мубориза баранд.

Махсусан, Аҳмади Дониш, ки ба майдони илму ба ҳайси шинохтатарин чеҳраи илму адаб, фалсафаву ҳикмат ва сиёсати замон ворид шуда буд,дар баробари идома бахшиданисуннатҳои маърифатпарварии аҷдодони худ, бо эҷоди мероси барҷастаи илмиву интиқодӣ вобаста ба авзои сиёсиву иҷтимоии Бухоро ҷараёни равшангариро бунёд ниҳода, дар асарҳояш барои раҳоӣ ҷустан аз ҷаҳолату таассуби динӣ, хурофотпарастӣ даъват менамуд.

Дар хусуси нақши таърихии Аҳмади Дониш ҳамчун саромади маорифпарварон адабиётшиноси чех Ян Рипка менависад, ки «аввалин нишонаҳои бедории ақидатӣ дар Осиёи Миёна аз васати асри ХIХ шуруъ мешавад. Чеҳраи мунири ин ҷараёни маърифатӣ Аҳмад Махдуми Дониш буд, ки барои рушди адабиёти тоҷик ва ҳаёти фарҳангии дар ҳудуди Бухоро ва Осиёи Миёна таъсири муҳим дошт» .

Хидматҳои шоистаи ин нависандаи пешравро Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» муфассал зикр намуда, Донишро «дурахшонтарин ситорае дар осмони тори Бухоро» номида буд».

Баъди интишори осори мунтақидонаи Аҳмад махдуми Дониш «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» тадриҷан шахсиятҳои адабӣ рӯ ба сиёсат ва аҳволи иҷтимоии Бухоро оварда, ҳадафҳои худро ҷиҳати таҷдиди низоми кишвардорӣ, аз байн бардоштани хурофот ва ифротгароӣ иброз намуданд.

Бояд гуфт, ки афкори танқидии ин афрод бештар баъди анҷоми сафару саёҳат аз кишварҳо, билоди ободу маъмур ва пешрафта, боздид аз шаҳрҳои пурвусъати истеҳсоливу саноатӣ, орому субот рӯи коғаз омадаанд. Аз ин рӯ, шояд баъди Аҳмади Дониш нахустин касе, ки хотироти сафари худро ба сурати китоби алоҳида таълиф кардааст, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бошад.

Китоби Возеҳ «Савонеҳу-л-масолик ва фаросиху-л-мамолик» ё «Ғароибу-л-хабар фӣ аҷоиби-с-сафар» унвон дошта, нависанда авзои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру давлатҳоро ташреҳ медиҳад. Ҳарчанд дар ин асар масоили диниву мазҳабӣ низ аз ҷойгоҳи муайяне бархурдор бошад ҳам, вале ин амр ҳаргиз бануфузи шарҳу басти матолиби иҷтимоии асар таъсире нагузоштааст. Андешаву ормонҳои пешрафтаи Раҳматуллоҳи Возеҳ қабл аз ҳама дар заминаи тарғиби маърифатандузӣ ва ба қалам овардани пешрафтҳои иҷтимоиву сиёсии кишварҳои дигар аз назари қиёсӣ, танқиди тақлидикӯркӯронаи диндорони мутаасиб ва пуштибонӣ аз пешрафтурӯй овардан ба кишварҳои пешрафта ба қалам омадаанд. Бояд гуфт, ки Раҳматуллоҳи Возеҳ дар таълифоти дигари худ монанди тазкираи «Туҳфат-ул-аҳбоб фи тазкират-ил-асҳоб», «Кони лаззат ва хони неъмат», «Ақоид-ун-нисо» ва осори манзумаш низ ба масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, адабиву фарҳангии замони худ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Дигар аз шахсиятҳои сиёсиву ҷамъиятии Аморати Бухоро, муаллифи китобу рисолаҳо, санаднигори аҳволи раият ва ҳукумати он аҳд Шарифҷон Махдуми Садри Зиё мебошад, ки дар таълифоти худ «Рӯзнома» ва«Наводири зиёия» ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавии Бухоро шарҳу бозгӯ намудааст. Муҳимтарин асаре, ки ба таври густурда, дақиқу возеҳ авзои аморатро Садри Зиё дар он ғунҷоиш додааст, «Рӯзнома»-иӯст. Садри Зиё дар ин ҷо ба ҳамон матлаби Аҳмади Дониш, Шоҳин, Возеҳ, Аҷзӣ, Мирзо Сироҷ ва дигар равшанфикрон бармегардад, ки тангназариву бепарвоӣ, ғафлату шариатзадагии амир ниҳоят ба таназзули Бухоро оварда расонид. Ба ин тартиб, Садри Зиё дар «Рӯзнома»-и хеш, ки дар оғоз сабки душвор (шояд бедилӣ)-ро ихтиёр карда буд, дар қисмати интиҳоии асар хеле ошкорову сареҳ ба нақди иҷтимоии замона мепардозад.

Омӯзиши осори Садри Зиё бозгӯи он аст, ки ҷавҳари гуфтору андешаҳо ва баррасиҳои ӯро масоили иҷтимоӣ, мубориза бар хурофот фароҳам меоваранд. Бе дарки дуруст ва тааммул ба осори Садри Зиё аз таърихи аморати Бухоро, авзои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии қаламрави сукунати тоҷикон дар охири асри Х1Х ваоғози асри ХХ огаҳӣ пайдо намудан душвор аст.

Қобили зикр аст, ки дар осори ёддоштиву таърихии устод Садри Зиё, Домулло Икром ё Муфти Икромча ёд мешавад, ки ӯ аз миёни мударрисону фақеҳон доимо бо қозиёну ҳокимон дар баҳсу мунозара буд ва онҳоро аз роҳи бад бозмедошт; мехост, ки барномаи мадрасаҳо таҷдиди назар карда шаванд, фанҳои нави дунявӣ омӯзонида шуда, ва амсоли ин. Ин шахси рӯшанфикр борҳо аз ҷониби шахсиятҳои воломақоми аморат мавриди табъиду танқид ва ранҷу озор қарор гирифта буд. Шояд аз ин ҷост, ки баъди барқарор шудани Ҷумҳурии халқии Бухоро ӯ, яъне Домулло Муҳаммад Икроми Ҳоҷиро аз шаҳри Fузор оварда, қозии Шӯро таъин намуданд.

Чи хеле аз сарнавишти аксари равшанфикрон пайдост, онҳо ҳам барои низоми сиёсии қаблии Бухоро ва ҳам дар сохтмони нави ҷомеа низ хидматҳо намуда буданд, ки Домулло Икромча аз шумори онҳост. Шояд аз муфтии мазкур китобу рисолаҳои зиёд монда бошад, вале ҳар он чи имрӯз бо расмулхати кунунии мо нашр шудааст, «Иқозу-н-ноимин ва эълому-л-ҷоҳилин» (Бедор кардани хобидагон ва огоҳ кардани бехабарон) аст. Рисолаи «Иқозу-н-ноимин ва эълому-л-ҷоҳилин» ба ташреҳи масоили динӣ бахшида шуда, муаллиф таомулу рафтори аҳли дини Бухороро бозгӯӣ мекунад. Домулло Икром рафтори аъмоли нодурусти ҳамзамонони худ, бахусус соҳибмансабонро танқид намуда, амалҳои ношоистаи баъзе диндоронро , ки боиси пастравии ахлоқу зиндагии омма гардида, чун рибо, назру ниёз, Бибисешанбе, русуми азодорӣ (чиҳилу бист, сол), садақа додан ва хӯрдану нӯшидан дар масҷид, ришваситонӣ, истифодаи вақф, байъи ҳуҷраҳои мадраса, ҳаққи ҳизонат (парастории ятим ва ворис шудан ба моли ӯ), либосҳои фохири заррину симин пӯшидани ҳокимону сарватмандон, маҳфилҳои суруду рақси амрадон, қориёна ситонидан аз талабагон, миёнравони қозиён, дуздии тарозудорони бозорҳоро мазаммат менамояд.

Дар баробари ин, домулло Икром мукарраран фисқу фуҷури олимон, рафтору аъмоли нодурусти эшон, хомӯшиву сукути аҳли дину диёнатро накӯҳиш менамояд ва сари чанд ҷумла мегӯяд: «Агар олим фасод кард, олам фасод кард», «Худоё, моро аз ҷумлаи олимони боамал гардон».

Адиб ва сиёсатмадори дигаре, ки дунболи афкори Аҳмади Дониш ва мактаби равшангарии ӯ қадами росих ниҳодааст, Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ мебошад, ки дар оғози садаи ХХ бо таълифоти мунтақидонаи сохти ҳокимият мақоми бузурги иҷтимоӣ ва таърихиро соҳиб шудааст.

Ба ҳамин тартиб, асарҳое, ки ин адибон таълиф карданд – «Наводирулвақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун», «Рисола ё мунтахабе аз таърихи сулолаи манғития»-и Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷ,«Савонеҳулмасолик фи фаросихулмамолик»-китоби саргузаштии Раҳматуллоҳи Возеҳ,аз намунаҳои барҷастаи ин аҳд мебошанд, ки арзиши баланди адабиро бархурдоранд, зеро дар ҳамон давраҳои ҳассосмағз андар мағзашон танқидихурофоту ифротгароиро ҷой дода, мардумро барои аз байн бурдани бидъату хурофот, нодониву ҷаҳолат , ки барои пешрафтихалқу миллат паёмадҳои нангинро метавонад ба бор оварад, даъват ба амал меоварданд.

Зикриёева Муҳиба,

дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи

факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ