Тақдими диплом ва мукофотпулӣ ба ғолибони озмуни “Олими сол – 2024”
Дар чорабинии тантанавии донишгоҳ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ғолибони озмуни “Олими сол – 2024” қадр шуданд.
Дар бахши илмњои гуманитариву љомеашиносии озмуни “Олими сол-2024” Абдуллоева Меҳринисо – доктори илмҳои педагогӣ, профессори факултети забонҳои хориҷӣ барои гирифтани љойи аввал бо диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонї, Нуров Нуралӣ– доктори илмҳои филологӣ, профессори факултети филологияи тоҷик, барои гирифтани љойи дуюм бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4000 сомонї ва Муродзода Нодира, дотсенти факултети забонҳои Шарқ, Шарипов Восит, дотсенти факултети филологияи рус барои гирифтани љойи сеюм бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонї қадр шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши илмњои дақиқ Умаров Насимҷон, дотсенти факултети физика ва техника сазовори ҷойи якум, Раҷабзода Саодат, дотсенти факултети математика сазовори љойи дуюм ва Аскарова Санавбархон –сармуаллимаи факултети иқтисодӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, ба ғолибон аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.
Ҳамчунин барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” байни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсамти фанни психологиядотсенти факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Зайтметов Ҳусейн бо дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил