​Тафсири сиёсӣ ва ватандӯстонаи Суруди миллӣ ва корбурди он дар ташаккули худшиносии миллӣ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо мулоқот доир гардид.

Мулоқоти мазкур дар мавзуи “Тафсири сиёсӣ ва ватандӯстонаи Суруди миллӣ ва корбурди он дар ташаккули худшиносии миллӣ” бо иштироки роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ сурат гирифт

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом мулоқотро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби муқаддасоти давлатӣ, арҷгузорӣ ба рамзи давлатдорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ унвон намуд.

Сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо зимни суханронӣ дар мавриди таърихи қабул, тасдиқ, муҳтаво ва мазмуни матни Суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, Суруди миллиро рамзи давлатдорӣ, воситаи муаррифии миллат ва таҳкими равобити байналмилалӣ маънидод намуд.

Дар доираи мулоқоти мазкур иштирокчиён дар бораи мазмуни матни Суруди миллӣ ҳамчун муҳимтарин рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ огоҳии комил пайдо намуда, моҳияти ҳар калимаву ибороти онро дарк намуданд.

Гуфта шуд, ки матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мазмуни амиқи ватандӯстона ва сиёсӣ буда, дар он муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, сулҳу субот ва иттиҳодияи мардуми тоҷик инъикос ёфтааст. Бо шунидани Суруди миллӣ ҳар як шаҳрванд ба ин ки ӯ узви як давлат ва як миллат аст, ифтихор менамояд ва ин эҳсос ба таҳкими ваҳдат ва иттиҳод дар ҷомеа мусоидат мекунад. Таронаи он бо калимот ва оҳанге офарида шудааст, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносиро дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ бедор мекунад ва он ҳамчун муқаддасоти миллӣ воситаи муҳимест, ки дар ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ нақши бузург мебозад.

Дар маҷмуъ, мулоқоти мазкур дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун чорабинии муҳими маърифатӣ барои густариши андешаи миллӣ ва ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам овард, ки дар доираи он иштирокчиён бо фалсафаи ин рамзи муқаддас ва маънои амиқи калимаҳои он ошно гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ