Рушди устувори иқтисодю иҷтимоии кишвар дар Паёми Пешвои миллат

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат вазъи иқтисодию-иҷтимоии кишварро дар соли 2024 мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар паёми худ Пешвои миллат оид ба вазъи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ намуда, бартарафнамоии таъсири онро ба иқтисодиёти кишвар яке аз вазифаҳои муҳим шумориданд. Оид ба вазъи иқтисодии кишвар сухан ронда, Сарвари давлат қайд намуданд, ки соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4% расонида шудааст. Зикр карда шуд, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7%-ро ташкил додааст. Барои муқоиса бояд зикр намуд, ки рушди ММД дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2024 2,6%-ро ташкил додааст. Рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон бошад, дар асоси пешгӯии коршиносони Фонди байналмилалии асъор, дар соли 2024 3,2%-ро бояд ташкил диҳад.
Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Зикр гардид, ки даромади пулии аҳолӣ аз 48 млрд сомонии соли 2019 ба 147 млрд сомонӣ дар соли 2024 расидааст. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024 3,6%-ро ташкил дод. Ин нишондод дар ҷаҳон дар соли 2024 бояд 5,9%-ро ташкил диҳад.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100% зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29%-ро ташкил кард. Аз маълумотҳои дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида маълум мешавад, ки даромади реалии кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар панҷ соли охир 71% зиёд гардидааст. Президенти кишвар Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8% таъмин намоянд.
Пешвои миллат оид ба соҳаи энергетика аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, қайд намуданд, ки ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6,9 млрд сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 млн сомонӣ идома доранд. То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шудааст. Зикр гардид, ки соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд. Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад. Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 млрд сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50%-и корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.
Рушди саноати босуръат, ки яке аз мақсадҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад, бо рушди энергетика алоқамандии зич дорад. Пешвои миллат бо баробари роҳбарии кишварро ба ӯҳда гирифтан ба масъалаи сохтмони неругоҳҳои обӣ-барқӣ диққати хоса додаанд. Энергияи нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, нархаш арзон мебошад. Бо баробари ба охир расидани корҳои дар пеш истода дар ин самт боварии комил дорем, ки Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ табдил меёбад. Зеро саноат ба энергияи арзон, ки нархи маҳсулоти истеҳсолмешуда аз он низ вобаста аст, вобастагии зич дорад.
Президенти кишвар зикр намуданд, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Дар мавриди соҳаи сайёҳӣ Пешвои миллат қайд намуданд, ки соли 2024 ба Тоҷикистон 1,4 млн. нафар сайёҳон омадаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019 12% афзудааст. Барои рушди ин соҳа дар кишвар тамоми заминаҳо мавҷуданд.
Соҳаи иҷтимоӣ соҳаи афзалиятнок дар сиёсати давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Чӣ тавре ки дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат иброз намуданд, соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023 беш аз 2 млрд сомонӣ зиёд буда, 43%-и хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвоми миллат супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30%; маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20%; музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20% зиёд карда шавад; ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10% зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро мо шаҳрвандон ҳамасола худ ҳис карда истодаем. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро нафақат Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбутаи давлатӣ балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон онро ҳамчун барномаи амал қабул карда, баҳри иҷроиши дастуру супоришҳо ва вазифаҳои гузошташуда якҷоя бояд камари ҳиммат бандем. Барои ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, истиқлоли давлатӣ доимо омода бошем.
Ҳусенов Фаррух Раҳимович – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ