РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАҲКИМИ РАВОБИТИ ИЛМИЮ ОМӮЗИШӢ БО БРИТАНИЯИ КАБИР
Бо мақсади таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ ва рушди ҳамкориҳои таълимӣ Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон ба МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ташриф овард.

Сафир ва ҳайати меҳмононро ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин, муовинони ректор оид ба таълим ва робитаҳои байналхалқӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода зимни мулоқоти дуҷониба оид ба дастовардҳои илмӣ ва имкониятҳои муассиса маълумоти муфассал дода, қайд кард, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, дар ин замина дар донишгоҳ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардидаанд. Дар навбати худ, Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон таъкид намуд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм ба таҳкими дӯстии мардумони ҳарду кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ, тавсеаи мубодилаи академии донишҷӯён ва устодон, инчунин омӯзиши забони англисӣ ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо бо таъкиди омодагӣ ба густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ, изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд низ равобити дуҷониба дар ин самт боз ҳам таҳким хоҳад ёфт.