Паёми Пешвои миллат ҳидоятгари худшиносии миллист

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21-уми декабри соли 2021 сол мавриди эътироф ва дастгирист. Махсусан таъкиди Пешвои миллат дар хусуси таваҷҷўхи хоса додан ба фарҳангу анъаноти миллии мо қобил ба эътироф аст. Зеро, дар шароити кунунӣ ҷаҳонишавии тамаддунҳо ба анъанаву расму оин ва фарҳанги миллӣ дар кишвар зарбаи сахте расонида метавонад. Он ҷомеаҳое, ки анъана ва фарҳанги миллии худро дифоъ карда наметавонанд, хисороти зиёдеро дар анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ бархўрдор мегарданд.

Рушди бемайлони технолоҷӣ дар ибтидои асри XXI дар фазои сиёсии ҷаҳон ҷанги нав-«ҷанги иттилоотӣ»-ро ба миён овард. Ин ҷанг акнун на бо аслиҳа ва артиш, балки бо зарбахои иттилоотӣ ба ҷахони сиёсӣ ва фарҳанги миллии кишварҳо бурда мешавад. Маҳз, рушди бемайлони маърифат аслиҳаи пуриқтидор бар муқобили ин зарбахои иттилоотӣ шуда метавонад ва ба ҷомеа имкон фароҳам меоварад, ки фазои сиёсии худ, анъаноти миллӣ ва фарҳанги миллии худро аз аҷнабиён дифоъ намоянд.

Пешвои миллат низ дар Паёми навбатии худ таъкид ба амал оварданд, ки таваҷчўҳи асосиро бояд ба рушди фарҳангӣ миллӣ дод, зеро маҳз фарҳанг дар рушди худшиносии миллӣ, ҳувият ва ҷаҳонбинии хонандагон нақши бориз дорад.

Омўзиши фарҳангу таърихи миллат дар рушди худшиносии миллӣ, ҳувият ва ҷаҳонбинии хонандагон нақши бориз дошта, ҳадафи асосии он ба такмили маънавии муҳассилин дар давраи ҷаҳонишавӣ равона гардидааст. Хусусиятҳои башардўстии инсониятро танҳо тавассути омўзиши таъриху фарҳанг дарк кардан мумкин аст.
Имрўз ҷомеаи тозаистиқлоли моро лозим ва зарур аст, ки рў ба сўйи маърифат орад. Дар ин самт саҳми муассисаҳои таҳсилотӣ дар мадди аввал меистад, зеро маҳз аз мактаб-таълимгоҳ тарбияи ахлоқию маърифатӣ оѓоз меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо ибрози назар карданд. Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём, аз ҷумла, қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад.

Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд, - таъкид доштанд Пешвои миллат. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон қариб бо 180 давлати дунё робитаи байналмилаливу дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоратӣ -иқтисодӣ дорад.

Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, зикр намуданд Пешвои миллат дар суханони ҷамъбастии худ, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.

Мо устодон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, шогирдониро сазоворро тарбия менамоем.

Бо рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулиятнокӣ дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, вахдати миллӣ, сулху субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Вализода Шоирахон - сармуаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ