Паём – нерӯи пешбарандаи ҷомеа

Санаи 21.12.2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кардашуд. Паёми мазкур чун паёмҳои солҳои қаблӣ фарогирӣ тамоми соҳаои ҳаёти ҷомеа ва самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро мушаххас намуда, мақсандҳои ояндаро дар ин самтҳо муайян намуд. Ҳамчунин аз раванди демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро барои аҳли ҷомеа арзёби менамояд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як ҳуҷҷате қабул кардан лозим аст, ки тамоми масъалаҳои мубрами рӯзро барраси намуда барои рушди минбаъдаи ҷомеа заминаи ҳалкунандаро мебозад.

Аз ин хотир қарзи шаҳрвандист, ки барои кору фаъолияти минбаъдаи худ дар ҷомеа аз Паёми Пешвои миллат нақшагузорӣ карда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои давлу ҳукумат, хусуса ҳадафҳои рушду тараққиёти ҷомеа истифода бурда шавад. Ҳамчун як дастури роҳнамо борои рукнҳои гуногуни ҷомеа ва рушду нумӯи некӯаҳволии аҳли ҷомеа ҳам дар соҳаи иқтисоди ва ҳам дар соҳаи иҷтимоӣ ва зиндагии мардум мусоидат менамояд, барономаи комил солонаи ҳар як шаҳрванди ватанхоҳу ватадӯст бояд бошад. Ҳар яки мо ин ҳидояту пешниҳод ва дастурҳои созандаву буёдкори пешгирифтаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мақсадҳои нек барои ояндаи шукуфоии ҷомеа бояд ба роҳ монда бошем. Аз Паёми ироагашта мебояд, ки ҳар як сокини мамлакат барои беҳбуди тамоми кору фаълияти худ нерӯ гирифта, иқдомҳои пешниҳодгардидаро содиқона ба роҳ монанд.

Аз Паёми навбатӣ бар меояд, ки дар муддати 30-соли Истиқлолият сатҳи некӯаҳволии ҷомеа рӯз то рӯз афзоишёфта, баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани зиндагии мардум сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳтарам Эмомали Раҳмон хелле назаррас аст. Чуноне, ки дар Паём зикр гардид: “Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад”.Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии аҳоли ка коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Паёми мазкур солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Мувофиқилоиҳаи дурнамои «Солҳои рушди саноат» сатҳи кабизоати боз то 15 фоиз коҳиш дода мешавад, ки ин яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат марҳила ба марҳила ҷомаи амал пӯшида истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва созандагиву буёдкорӣ маҳз аз сиёсати пешгирифтаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукумат вобаста мебошад. Мувофиқи ин барнома ҳар як сокини кишварро водор менамояд, ки барои боз ҳам рушд додани ҷомеа камари ҳаммат баста содиқона баҳри халқу ватан хизмат намояд.

Ҳамчуни зикр гардид, ки “Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд”. Бо назардошти паҳн гардидани бемории COVID-19, ки аҳолии ҷаҳонро фаро гирифт аз ҷумла, Тоҷикисторо низ. Ба ин нигоҳ накарда давлату ҳукумат бо роҳбарии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш амудадан, ки даромади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) афзоишдиҳанд. Далели ин гуфтаҳо – инбаланд бардоштани музди меҳнаткормандон мебошад, ки дар Паёми ироагашта чунин зикр гардид: “Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад”. Ҳамаи ин нишондиҳанда аз пешниҳоду роҳнамоӣ ва сиёсати пешгирифта Пешвои миллат замина гирифта барои ҳаёт ва хурамгардонии ҷомеаву шаҳрвандон мусоидат намуда истодааст.

Яке аз иқдомҳои дигари Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ Ҳукумати мамлакат вазифадор намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ басо муфид мебошад, ки аз ғамхориву халқпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар замина таҳлил намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд, ба чунин хулоса мерасем, ки дар самти сиёсат, идоракунӣ ва давлатдориву ватансозӣ, созадагӣ, ҳамчуин рушти иҷтимоии ҷомеа ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, барои тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ нақши муҳимро мебозад.Хусусияти дигари он нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, тандурустиву маориф ва соҳаи кишоварзии мамлакат басо замиаи хуб мебошад. Аз ин рӯ, Паём – нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта дастурамали кории ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад ва оинаи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ мебошад.

Омӯзгори кафедраи умумидоишгоҳии фаласафаи МДТ “Доишгоҳи давлатии Хуҷад ба номи академик Б. Гафуров” Аюбов Ҳаётулло Мутеъуллоевич

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ