​Озмуни “Олими ҷавони сол-2024” ҷамъбаст гардид

Озмуни “Олими ҷавони сол-2024” дар бахши илмҳои дақиқ байни муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст ва ғолибон қадр гардиданд.

Дар бахши илмҳои дақиқ Иброҳимов Пайрав–номзади илмҳои техникӣ, дотсенти факултети физикаю техника барои гирифтани љойи аввал бо диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонї, Баротов Рӯзибой - сармуаллимаи факултети математика барои гирифтани љойи дуюм бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонї ва Шарифхоҷаев Исмоилхоҷа - муаллими факултети геоэкология ва туризм барои гирифтани ҷойи сеюм бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонї қадр шуданд.

Дар бахши илмњои гуманитариву љомеашиносии озмуни “Олими љавони сол-2024” ҷойи аввалро Низомова Саидахон, сармуаллимаи факултети забонҳои Шарқ, ҷойи дуюмро Махкамов Саидқул,сармуаллими факултети таърих ва ҳуқуқ ва ҷойи сеюмро Пиров Ҳоҷибой, сармуаллими факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус сазовор ва бо диплому мукофоти пулӣ тақдиронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ