Озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Президент

Озмун: Мақолаи беҳтарин дар мавзӯъҳои “Эмомалӣ Раҳмон – роҳнамои ҷавонон” ва “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар шинохти ман”

Раёсати илмва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба “Рӯзи Президент” ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни донишгоҳозмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯъҳои “Эмомалӣ Раҳмон – роҳнамои ҷавонон” ва “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –дар шинохти ман” эълон менамояд.

1.Қабули мақолаҳо барои пешниҳод дар озмун бо суроғаи дар поён овардашуда то санаи 15-уми ноябри соли 2022, соати 17:00 сурат мегирад.

2.Дар озмун танҳо донишҷӯён иштирок кардаметавонанд.

3.Ғолибони озмун аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо диплом, сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

4. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед тавассути суроғаи зерин дастрас намоед:

- шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1,

- телефон барои тамос 931710002

email: bohir-1988@mail.ru

Эзоҳ: мақолаҳои пешниҳод гардида дар шакли хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ