​Олимпиада аз фанни физика бахшида ба “Ҳафтаи илм”

Дар доираи “Ҳафтаи илм” дар факултети физикаю техника олимпиада доир гардид, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 1 – 4, ихтисосҳои физика ва физика - математика иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки олимпиадаи мазкур аз фанни физика ба роҳ монда шуда, дар он барои иштирокчиён панҷ масъала пешниҳод гардид.

Озмуни мазкур дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардид.

Ғолибон дар ҷамъбасти “Ҳафтаи илм” қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ