​ҲОФИЗ ВА РУШДИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

Таҳти чунин унвон дар толори Раёсати Донишгоҳ бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Содиқ Ятимзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки бузургдошти 700-солагии Ҳофиз на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки рамзи эҳтиром ба адабиёти тоҷик, ба забон, ба ҳувияти миллӣ ва ба руҳи созандаи миллати мост. Маҳз тавассути чунин ҷашнвораҳо мо арзиши мероси ниёгонро ба насли ҷавон фаҳмонида, ҳисси ифтихор ва худшиносии миллиро дар вуҷуди онҳо тақвият медиҳем.

Афзуда шуд, ки таҳти сиёсати фарҳангпарварона ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж моҳи июни соли 2025 ҷашни 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бо ҳузури ҳофизшиносони ҷаҳон таҷлил гардид. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ ташаббуси маънавиасоси дигари ҷаҳонии Пешвои муаззами миллати тоҷикро дигарбора ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ба сухан баромада, мақоми Ҳофизро дар адабиёти тоҷику форс ва умумиҷаҳонӣ бисёр баланд ва ҷовидона арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Ҳофиз дар адабиёти классики тоҷик ҳамчун устоди жанри ғазал шуҳрат ёфта, таъсири амиқе ба рушди адабиёт гузоштааст.

Дар бахши илмии конференсия доктори илми филологӣ, профессори кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуралӣ Нурзод дар мавзуи «Пешвои миллат ва шинохти андешаҳои ҷаҳонсози Ҳофиз», раиси бунёди Рӯдакӣ дар Фаронса Доктор Масъуди Миршоҳӣ дар мавзуи «Девони Ҳофиз дар Вароруд» (маҷозӣ), номзади илми филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шарифҷон Тоҷибоев дар мавзуи «Арзишҳои осори Ҳофиз дар пасманзари ҷаҳонишавии муосир», номзади илми филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик дар мавзуи «Ғазал – жанри асосии лирикаи Ҳофиз» бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар маърузаҳои илмӣ доир ба нақши Пешвои миллат дар шинохти хирад ва маънавияти фарогири Ҳофиз, эҳё ва шиносоии андешаҳои ин суханвар ва таъсири он ба ҷомеа, таҳқиқи девони Ҳофиз ва ҷойгоҳи он дар Вароруд, аҳамияти таърихию фарҳангии ин осор дар замони муосир ва ғазал ҳамчун шоҳкории ин адиб сухан рафт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ