Нисбати сарнавишти Ватан бетараф набошем

Имрӯзҳо дар зери ниқоби дини ислом ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгарова гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба миён омада, ҷомеаи моро вайрон месозанд. Онҳое, ки имрӯз бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуби хилофи аркони динию мусалмонӣ даст мезананд, кӯшиш менамоянд, ки обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода мебаранд. Рафтори щайриахлоқӣ ва щайриинсонии чунин гурӯҳҳо боиси халалдор гардидани амнияти миллату давлати соҳибистиқлоли мо мегардад. Ин ҳодисаҳо бори дигар моро ҳушдор менамояд, ки нисбати тақдири давлату миллати худ бетараф набошем.

Душманони миллат ҷавонони соддаву зудбоварро ба доми худ кашида, бо маблащҳои ночизу кирдорҳои хоинона ба содир кардани амалҳои номатлубу барои ҷомеа зараровар , ба куштор, сӯхтор ва нобудсозӣ водор месозанд, онҳоро аз Ватан, фарзандони дилбанд ва падару модар ҷудо месозанд. Ҷавонони мо имрӯз бояд ба муқобили ин хатарҳо муттаҳид бошанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба фиребу гумроҳсозиҳои ифротгароёни тундрав дода нашаванд.

Моён устодони Муассисаи давлатии таълимии коллечи тиббии шаҳри Хуҷанд дар пайгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум менамоем. Амалҳои номатлуби ин афродро маҳкум намуда истода гуфтанием, ки амалу рафторҳоионҳо бар зидди манфиатҳои давлату миллат буда, нишони ноҷавонмардист. Агар дар вуҷуди онҳо заррае меҳри ватандӯстӣ ҷой дошта бошад, пас аз ҳадафҳои нопоку щаразноки худ даст мекашанд, то охирин силоҳу аслиҳаи щайриқонуниро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ва ба амалҳои ҷинояткоронаи худ қатъиян хотима мебахшанд.

Барои ҳамин ҳам, имрӯз моён устодон бояд ба масъалаи баландбардории огоҳии сиёсии ҷавонон, масъалаи худшиносиву ватандӯстии онҳо аҳамияти хоса зоҳир намоем, ба ҷавонон ин нуктаҳоро дуруст фаҳмонда диҳем, то ки онҳо боҳуш бошанду ба ин роҳҳои бад нараванд, некро аз бад ҷудо намоянд, иродаи матин дошта бошанд, донанд, кидушманони ватан онҳоро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Бар зидди ҳамагуна зуҳуроти тафриқаангезу ифротгароӣ вокуниш нишон додан вазифаи муқаддаси шаҳрвандииҳар яки мо мебошад.

Мо бояд ба ҷавонон омӯзем, ки нисбати сарнавишти ватани хеш бетараф набошанд, баҳри пойдории сулҳу амният, ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ хиссаи худро гузоранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ