​НАВЪБАНДИИ ЗУҲУРОТИ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар шароити имрӯза миқдори зиёди навъбандиҳои экстремизм пешниҳод гардидаанд, ки ба таври умумӣ фаҳмиш ва дарки ин падидаи иҷтимоӣ-фалсафиро мушкил ва мураккаб менамояд. Миқдори чунин навъбандиҳо рӯз ба рӯз зиёд гардида истодааст. Як қатор муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки экстремизм дар соҳаи ҷамъиятӣ пайдо шуда, метавонад танҳо экстремизми сиёсӣ бошад. Дар шароити имрӯза навъҳои мухталифи экстремизмро ҷудо менамоянд. Дар ин самт метавон оид ба “экстремизми этникиву динӣ”, “экстремизми ҷиноятӣ”, “экстримизми зӯроварӣ”, “экстремизми ҷавонон”, “экстремизми иҷтимоиву иқтисодӣ”, “экстремизми психологӣ” ва ғайраҳо сухан ронд. Қайд намудан зарур аст, ки аз ҷониби муаллифон дар ҳолати таснифот танҳо мафҳуми “экстремизм” пешниҳод карда мешавад. Ба ақидаи мо, аксарияти навъҳое, ки ҷудо карда мешаванд, ба экстремизм ягон алоқае надоранд, зеро дар сарчашмаҳои илмӣ ҳамчун падидаҳои дигар баррасӣ шудаанд. Дар асоси экстремизм идеология ва самтгирии махсуси шахсият ҷой дорад. Экстремизм дар табиати худ, ҳамеша дорои хусусияти сиёсӣ мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки идеологияи диниро наметавон “экстремистӣ” номид, агар он тарафдорони худро ба ташкили ҷомеа мутобиқи меъёрҳои динӣ бовар накунонад ва дар шакли мустақим ё ғайримустақим онҳоро дар амали намудани ин ғоя водор насозад. Чунин мешуморем, ки барои муайян намудани навъҳои экстремизм ва равшанӣ андохтан ба ин масъалаи муҳим зарур аст, ки якчанд навъбандиҳои пешниҳодгардида ба таври дақиқ баррасӣ карда шаванд.

1. Аз рӯйи доираи зуҳурот метавон экстремизми дохилидавлатӣ ва байналхалқиро ҷудо намуд. Навъи дохилидавлатии экстремизм дар фаъолияти мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳо ва ҳаракатҳо, сохторҳои динӣ, иттиҳодияҳои ғайрирасмии ҷавонон ва ғайраҳо зоҳир мегардад. Ин навъи фаъолияти экстремистӣ ё ба мустаҳкам намудани тартиботи мавҷуда, ё баръакс ба тағйироти пурраи он равона карда шудааст. Экстремизми байналхалқӣ дар фаъолияти субъектҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ мегардад: ба миён омадани муноқишаҳои (ҷангҳои) ҳарбӣ байни давлатҳо ё блокҳои сиёсӣ, фаъолияти ташкилотҳои экстремистии байналхалқӣ ва ғайраҳо.

2. Дар муносибат бо сохтори мавҷуда – экстремизми давлатӣ ва экстремизми оппозитсионӣ ҷудо карда мешавад. Экстремизми давлатӣ ё ҳокимиятӣ аз ҷониби субъектҳое, ки бартарияти воқеии сиёсиву иқтисодӣ дар ҷомеа доранд, амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, ин навъи экстремизм бар зидди гурӯҳҳои тобеъ, гурӯҳҳо, синфҳо ва табақаҳои вобаста равона карда шудааст. Экстермизми оппозитсионӣ, дар баъзе ҳолатҳо метавонад ҳамчун воситаи мубориза барои ҳокимият аз тарафи ҳизбҳои мухталифи радикалӣ, ҳаракатҳо, гурӯҳҳо, ки хусусияти маргиналӣ доранд ва аз тарафи гурӯҳҳои иҷтимоӣ дастгирӣ намеёбанд, баромад намояд. Дар ҳолатҳои дигар бошад, экстремизми оппозитсионӣ ҳамчун амали ҷавобии гурӯҳҳои тобеъ ба амалҳои экстремистии мақомоти ҳокимияти давлатӣ баромад менамояд. Чунин навъи экстремизм хусусияти эътирозӣ дорад ва ҳамчун ҷавоби ҳимоятӣ ба бадшавии шароити зиндагии гурӯҳҳо, синфҳо ва табақаҳои вобаста ва тобеъ баромад менамояд.

3. Аз рӯйи принсипи идеологӣ - экстремизми чап ва экстремизми рост. Экстремизми чап дар фаъолияти созмон ва ҳаракатҳои экстремистии чап (марксистҳо, маоистон, анархистон, чапҳои нав), ки ба шаклҳои мухталифи идеологияи сотсиалистӣ ва коммунистӣ такя намуда, ба муқобили сохтори капиталистӣ баромад менамоянд ва ба дигаргуниҳои инқилобии ҷомеаи муосир кӯшиш мекунанд. Экстремизми рост дар ду шакл зоҳир мегардад: экстремизми дунявӣ ва экстремизми диниву сиёсӣ. Экстремизми рости дунявӣ дар аксарияти ҳолатҳо натсионалистӣ, 140 фашистӣ, нажодпарастӣ номида мешавад, зеро намояндагони ин навъи экстремизм ба ғояҳои натсионалистони Олмон, фашистҳои италиявӣ, гвардистони руминиягӣ такя менамоянд. Дар идеологияи экстремистии рост нажодпарастӣ ҳамчун воситаи ниҳоии ҳалли радикалии масъалаҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки махсусан барои гурӯҳҳои скинхедҳо хос аст, аҳаммияти бузург дорад. Экстремизми динӣ-сиёсӣ ин ё он доктринаи диниро бо идеологияи экстремизми рост мувофиқ намуда, дар фаъолияти ҳамон гурӯҳҳое зоҳир мегардад, ки мақсади нобуд кардани институтҳои дунявии сохтори ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бунёди давлати диниро доранд. Илова бар ин, барои экстремистони динӣ мубориза барои тасдиқи ҳокимияти намояндагони як мазҳаб дар ҳудуди тамоми кишвар аҳаммияти бузург дорад, ки дар амалия ба пайдо шудани моҷароҳои динӣ байни намояндагони мазҳабҳои гуногун, болоравии ҳаракатҳои сепаратистӣ, кӯшиши ба роҳ мондани таълимоти динӣ ба сифати идеологияи давлатӣ оварда мерасонад.

4. Аз рӯйи субъекти фаъолияти экстремистӣ – экстремизми инфиродӣ, гурӯҳӣ, давлатӣ. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки оид ба сермаҳсулии фаъолияти экстремистӣ сухан ронем, ки барои ҳар як давлат мушкилоти мухталифи сиёсиро ба миён меорад. Экстремизми инфиродӣ ва гурӯҳӣ барои созмонҳои оппозитсионӣ, гурӯҳҳо ва амали шаҳрвандони алоҳида хос аст. Экстремизми гурӯҳӣ метавонад на танҳо дар фаъолияти гурӯҳҳо ва созмонҳои мутташаккил (ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ) балки дар фаъолияти гурӯҳи калони одамон зоҳир гардад, ки метавонад ба бетартибиҳои оммавӣ, ғорат, ва зӯроварии бемаҳдуд оварда расонад. Экстремизми давлатӣ, ки тариқи фаъолияти мақомотҳои ҳокимиятӣ зоҳир мегардад, метавонад ба ҷазодиҳии беасоси оммавӣ, ташкили террор ба муқобили дигарандешон, маҳдуд намудани назарраси ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон зери таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ангехтани моҷароҳои ҳарбӣ дар арсаи байналхалқӣ оварда мерасонад. Албатта, чунин ҳолат ҳамкории давлат ва ҷомеаро мураккаб мегардонад ва дар ҳолати ба миён омадани моҷаро метавонад на танҳо ба аздастравии ҳокимияти режими ҳукмрон, балки ба талафоти ҷонии шаҳрвандон оварда мерасонад.

5. Аз рӯйи истифодаи воситаҳо, экстремизм метавонад экстремизми ҳарбӣ ва ғайриҳарбӣ бошад. Экстремизми ҳарбӣ тариқи моҷароҳои ҳарбӣ, терроризм, ҷазодиҳиҳои оммавӣ, геносид зоҳир мегардад. Экстремизми ғайриҳарбӣ бо тарғиби истисноӣ ё заифии шаҳрвандон дар заминаи аломати миллӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, даъватҳои ҷамъиятӣ ба амалҳои экстремистӣ, паҳн кардани маводҳое, ки фаъолияти экстремистиро ҳавасманд мекунанд, маблағгузорӣ ё ҳама гуна кӯмак ба созмонҳои экстремистӣ ва ғайра баромад менамояд. Баррасии ин навъбандии экстремизм нишон медиҳад, ки дар он тамоми навъҳои экстремизм ба таври муфассал баён гардидаанд. Муҳаққиқи дигар Р.М. Афанасев навъбандии экстремизмро мувофиқи характери фаъолият ва соҳаҳои пайдоиши он пешниҳод намудааст.

Дар заминаи ин нишондиҳандаҳо Р.М.Афанасев экстремизми шахсиятӣ-маишӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, миллӣ ва диниро ҷудо намудааст. Чунин мешуморем, ки агар экстремизм ин истифодаи воситаҳои ниҳоии зӯроварӣ бошад ва нишондиҳандаи асосии навъбандии он соҳаи пайдоиши он бошад, пас навъҳое, ки аз тарафи Р.М.Афанасев пешниҳод гардидаанд, метавон идома дод, зеро зӯроварӣ, истифодаи роҳу воситаҳои ниҳоӣ дар шароити имрӯза дар тамоми соҳаҳои фаъолият мушоҳида карда мешавад. А.И Муминов қайд менамояд, ки экстремизми динии муосирро метавон бо истифода аз асосҳои мухталиф навъбандӣ намуд: дар асоси истифодаи риторикаи муайяни динӣ: исломӣ, буддистӣ, насронӣ; дар асоси таъсир расонидан ба соҳаҳои мухталифи ҷомеа: диниву террористӣ, диниву инқилобӣ (муаллиф қайд менамояд, ки экстремизми диниву инқилобӣ, дар навбати худ, ба навъҳои экстремизи чап ва рост ҷудо карда мешавад); дар асоси соҳаи маънавӣ: экстремизми фундаменталӣ, экстремизми зиддитамаддунӣ, экстремизми диниву фарҳангӣ; дар асоси муттаҳидӣ: экстремизми муттаҳидкунанда, экстремизми заифкунанда; дар асоси самтнокӣ: экстремизми зиддидавлатӣ, экстремизми зиддиҷамъиятӣ, экстремизм бар муқобили шахсият, экстремизм бар зидди инсоният. А.А.Хоровников чунин шаклҳои фаъолияти экстремистӣ, ба монанди экстремизми характери миллидошта, ки бо муташанниҷ намудани муносибатҳои миллӣ алоқаманд аст, экстремизм дар соҳаи фарҳанг, экстремизми забонӣ дар соҳаи фарҳанг, экстремизми экологиро ҷудо намудааст. Илова бар ин муҳаққиқ ба мавҷудияти экстремизми сиёсӣ, ки фарогири экстремизми сиёсии чап ва рост, кушода ва пушида аст, ҷудо намудааст.

Дар асоси навъбандиҳои баррасишуда, метавон чунин хулосабарорӣ намуд, ки дар онҳо ҷанбаҳои мухталифи экстремизм ба инобат гирифта шудаанд, ки ба дарки дақиқи падидаи воқеияти объективӣ кӯмак менамоянд. Навъбандиҳои нишондодашуда на танҳо дар асоси нишондиҳандаҳои гуногун, балки бо самтгирии маърифатӣ аз якдигар фарқ доранд. Қайд намудан зурур аст, ки ба ақидаи як қатор файласуфон ва мувофиқи қонунияти фалсафӣ, тағйиротҳои миқдорӣ бояд ба дигаргуншавии сифатӣ оварда расонанд. На дар ҳама навъбандиҳо нишондиҳандаҳои ҷудонамоӣ ҷой доранд, шарҳу эзоҳи мантиқии истифодаи ин ё он мафҳум низ ба назар намерасад. Бешубҳа, ҳар як муҳаққиқ кӯшиш менамояд, ки биниши худро нисбат ба проблема пешниҳод намояд. Дар баъзе ҳолатҳо, дар заминаи як нишондиҳанда навъҳои мухталифи экстремизм ҷудо карда шудаанд. Як қатор муҳаққиқон, бо як заминаи навъбандӣ навъҳои ба ҳам монанди экстремизмро пешниҳод намуда, дар он мазмуну мундариҷаи гуногунро ворид намудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки чунин ҳолат дарк ва қабул намудани навъҳои фаъолияти экстремистиро мушкил мегардонад. Ба таври хулоса метавон гуфт, ки муайянкунии намудҳо ва шаклҳои мухталифи ифротгароӣ ба мафҳуми «ихтилофоти иҷтимоӣ-сиёсӣ» асос ёфтааст. Маҳз ҳамин мафҳум ба мо имкон медиҳад, ки намудҳо ва шаклҳои мухталифи ифротгароиро пурра ва амиқ фарқ карда, тасвир намоем. Дарвоқеъ, ифротгароӣ, тибқи нуқтаи назари такмилёбанда, ин муайянкунии тарҳи муносибатҳои сиёсист, ки ба ҳалли (рафъи) ихтилофоти номуайяни иҷтимоӣ-сиёсӣ равона шудааст. Бидуни ихтилофот дар хусуси амалҳои ифротгароӣ сухан гуфтан маънӣ надорад ва чунин амалиёт мазмуни иҷтимоӣ-сиёсиашро гум мекунад ва ба сатҳи равоншиносии (психопатологияи) муқаррарӣ мефарояд. Ҳангоми ҷудо кардани шаклҳои мухталифи ифротгароӣ, меъёри ягонаро ҳамчун асос барои муайянгардонии он истифода намебаранд. Аммо, чуноне ки аз номгӯйи гуногуншаклии ифротгароӣ дида мешавад, таваҷҷуҳ ба ҷудо кардани ин гуногуншаклӣ аз рӯйи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ равона мегардад. Ягонагии ҳаёти маънавии ҷомеа дар ҳаёти воқеӣ ба он оварда мерасонад, ки шаклҳои мухталифи ифротгароӣ дар намуди соф вуҷуд надоранд, балки ин шаклҳо якдигарро пурра мегардонанд, ба ҳамдигар таъсири мутақобила мерасонанд.

Ф.Яҳъёев, М.Акилова,

устодони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ