НАҚШИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР ТАҲКИМИ СУБОТИ ҶОМЕА
Имрӯз дар ҷаҳони муосир мавзуе нест, ки ба андозаи коррупсия таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб накарда бошад. Коррупсия – ин танҳо ҷиноят ё қонуншикании оддӣ нест, балки вабоест, ки асосҳои давлатдорӣ, иқтисодиёт ва ахлоқи ҷомеаро аз дарун хӯрда, заиф месозад. Таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳқиқоти олимони соҳаи иқтисод нишон медиҳанд, ки ҳеҷ як кишвар, новобаста аз сохти сиёсию иқтисодиаш, аз ин зуҳуроти номатлуб комилан эмин нест. Аммо таъсири он ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҷомеаҳои соҳибистиқлол, ки дар марҳилаи гузариш қарор доранд, боз ҳам гаронтар ва дардноктар аст.
Коррупсия чист ва он аз куҷо сарчашма мегирад?
Дар заминаи таҳлилҳои илмии мутахассисони байналмилалӣ, аз ҷумла пажуҳишҳои ЭСКАТО-и СММ, коррупсия ҳамчун «суиистифода аз мансаби давлатӣ ва ваколатҳои расмӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ» муайян карда мешавад. Он метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: аз порагирии хурди маишӣ сар карда, то тасарруфи амволи давлатӣ, хешутаборбозӣ (кумовство) ва хариду фурӯши мансабҳо.
Барои фаҳмидани табиати коррупсия, донишманди маъруф Роберт Клитгаард формулаи махсусеро пешниҳод кардааст, ки моҳияти ин зуҳуротро содда ва дақиқ шарҳ медиҳад:
K = M + I - H
Коррупсия (K) = Монополияи мансабдор (M) + Ихтиёрдории васеъ (I) — Назорат ва Ҳисоботдиҳӣ (H)
Ин формула нишон медиҳад, ки коррупсия дар он ҷое авҷ мегирад, ки як мансабдор ҳуқуқи монополии қабули қарорҳоро (масъалан, додани иҷозатномаҳо, тақсими замин ё маблағҳо) дошта бошад, қоидаҳои бозӣ ношаффоф ва баррасӣ дар ихтиёри шахсии худи ӯ бошад ва дар айни замон, ягон механизми ҷиддии назорату ҳисоботдиҳӣ мавҷуд набошад. Ин ҳолатро дар илми иқтисод «ҷустуҷӯи рентаи иқтисодӣ» меноманд, яъне кӯшиши ба даст овардани боигарии муфт танҳо ба воситаи доштани курсию мансаб.
Одатан, вақте дар бораи коррупсия гап мезананд, танҳо мансабдорони маҳаллиро гунаҳкор мекунанд. Аммо ин раванд дутарафа аст. Масалан, тасаввур кунед, ки ҳангоми баргузории як озмун баъзе иштирокчиён аз роҳҳои ғайрирасмӣ барои ба даст овардани бартарӣ истифода мебаранд. Дар натиҷа, рақобати одилона халалдор шуда, имкони интихоб шудани беҳтарин пешниҳод ё номзад коҳиш меёбад. Бинобар ин, мубориза бояд на танҳо бо порахӯрон (талабот), балки бо порадиҳандагон (пешниҳод) низ ба таври ҷиддӣ сурат гирад.
Оё илоҷи ин дард ҳаст? Таҷрибаи давлатҳои муваффақ (ба монанди Сингапур ё Гонконг) нишон медиҳад, ки коррупсияро метавон зери назорат даровард ва таъсири онро ба ҳадди ақал расонд. Ин кор на танҳо бо дастгир кардану зиндонӣ намудани порахӯрон, балки бо роҳи ислоҳоти куллӣ ба даст меояд. Барои ин шартҳои зерин заруранд:
- Мубориза бояд аз боло оғоз шавад ва роҳбарон худашон намунаи покию садоқат бошанд.
- Ҷомеа вақте ба мубориза бо коррупсия бовар мекунад, ки ҷазо на танҳо ба муаллиму табиб ё нозири оддӣ, балки ба мансабдорони баландпояи ҷинояткор низ ба таври шаффоф ва қатъӣ татбиқ шавад.
- Рӯзноманигорон ва матбуот бояд имкон дошта бошанд, ки ҳолатҳои коррупсиониро ошкор ва таҳқиқ кунанд. Матбуоти озод чашму гӯши ҷомеа аст.
- Ҳар қадар расмиёти давлатӣ соддатар ва электронӣ (рақамӣ) шавад, тамос байни мансабдор ва шаҳрванд камтар мегардад, ки ин заминаи порагириро аз байн мебарад.
- Мардум бояд донанд, ки ҳар як сомонии аз ҳисоби андозҳо ҷамъшуда ба куҷо ва чӣ гуна сарф мешавад.
Барои пурра солим гардонидани ҷомеа, мо бояд ба решаҳои ин дард зарба занем. Танҳо дар ин сурат, мо метавонем давлати ҳуқуқбунёд ва иқтисодиёти устувореро бисозем, ки ба манфиати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хизмат кунад.
Маҳмудзода Маъруф Қаюм,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректор оид ба
корҳои иқтисодӣ ва молиявии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»