НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик бухзургтарин дастоварди таърихӣ маҳсуб мешавад. Ин падидаи нодир барои мардуми кишвар оғози марҳалаи сифатан нави давлатдорӣ, имкони мустақилона муайян намудани тақдиру сарнавишт ва роҳи рушди кишвар маҳсуб мегардад.
Солҳои аввали Истиқлол барои Тоҷикистон хеле гарон афтод ва ин дастоварди бузурги таърихӣ ба хатар мувоҷеҳ шуд. Кишвар ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида, ҷанги шаҳрвандӣ сар зад.
Дар чунин шароит масъалаи асосӣ барои давлат ҳифзи истиқлол ва барқарор намудани сулҳу субот буд. Ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи муҳимми ҳаёти сиёсии кишварро ташкил медиҳад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат рисолати бузургу мондагореро анҷом доданд, ки ба ҳифзу пойдории бузургтарин неъмати ҳастии миллат – Истиқлол замина гузошт.
Барқарор намудани сулҳ, ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатӣ, таъмини ягонагии кишвар дар он рӯзгори мудҳиш ҷасорат ва донишу таҷрибаи баландро тақозо мекард, ки ин рисолати бузургро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона ба ҷо оварданд. Сулҳ ва осоиштагӣ яке аз омилҳои муҳимми устуворӣ ва пойдории истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ин ҷода нақши Роҳбари давлат ҳамчун меъмори сулҳ дар ҳифзи неъмати Истиқлол низ хеле бузург ва сутуданист.
Аз ҷониби дигар, даст ёфтан ба сулҳ танҳо хотимаи ҷанг ҳисоб ёфта, барқарор намудани иқтисоди кишвар, фаъолияти пурраи муассисаҳои давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо, рушди иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии осоишта меҳнату талошҳои пайвастаро талаб мекард. Баъд аз ба эътидол омадани вазъият марҳилаи нави рушд оғоз гардид, ин марҳилае буд, ки истиқлолро бо рушди воқеии кишвар ба ҳам овард.
Дар ин марҳала сиёсати давлатӣ тадриҷан ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардид. Бунёди роҳҳо, нерӯгоҳҳо, корхонаҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва рушди баробари тамоми минтақаҳо ба беҳбудии зиндагии мардум оварда расониданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати рушди кишвар ба ҳисоб рафта, марҳила ба марҳила татбиқ гардиданд. Дар чунин марҳилаи муҳимми давлатдорӣ Пешвои миллат бо анҷоми корҳои бузург дар таҳким ва пойдории истиқлоли миллӣ хидмати шоистаро ба сомон расониданд.
Дар баробари иқтисод, сиёсати иҷтимоӣ низ яке аз самтҳои муҳимми давлатдорӣ пазируфта шуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ тадриҷан рушд карданд. Дар ин раванд сохтмони муассисаҳои нави иҷтимоӣ, беҳтар намудани инфрасохтори шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои аҳолӣ вусъат ёфтанд. Ҳадафҳои бузурги стратегӣ қабул гардида, қадам ба қадам дар амал татбиқ шуда истодаанд.
Ҳифзи истиқлол бидуни пояҳои устувори маънавии ҷомеа имконнопазир аст. Ин буд, ки дар даврони истиқлол ба муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани кадрҳо ва рушди иқтидори илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Маориф ва илми кишвар ба низоми сифатан нав рӯ оварда, пайваста рушд менамояд.
Дигар аз омили муҳимми устувории истиқлол дар худшиносиву худогоҳист, ки ин самт низ дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Дар самти ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Ёдгориҳои зиёди таърихӣ эҳё ва як қатор мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Имрӯз арзишҳои фарҳангиву таърихӣ натанҳо ҳамчун омили ҳувиятсоз барои ҷомеаи кишвар хидмат мекунанд, балки василаи муаррифии ин миллати бузург гардидаанд, ки натиҷаи истиқлол ва хидматҳои Пешвои миллат мебошад.
Дар сиёсати хориҷӣ низ Тоҷикистон дар даврони истиқлол мавқеи фаъол пайдо кард. Тоҷикистон кишвари ташаббускор эътироф гардид. Чандин ташаббуси Сарвари давлат доир ба масоили башарӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, аз муваффақияти дипломатияи хориҷии ҳукумати мамлакат дарак медиҳанд.
Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори пешниҳодҳои байналмилалӣ назаррас аст. Қабули ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки мавқеи кишвар дар муҳокимаи масъалаҳои ҷаҳонӣ тадриҷан таҳким ёфтааст.
Дар даврони истиқлол масъалаи худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг ва мероси маънавии миллат дар шароити давлатдории мустақил аҳаммияти махсус дорад. Ҷомеае, ки таърихи худро медонад, ба арзишҳои худ эҳтиром мегузорад ва аз имкониятҳои имрӯза барои рушди оянда истифода мебарад, метавонад мавқеи худро дар ҷаҳони муосир устувор нигоҳ дорад.
Аз ин нуқтаи назар, истиқлол танҳо натиҷаи як воқеаи таърихӣ нест. Истиқлол раванди доимии давлатсозӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Нигоҳ доштани сулҳу субот, таҳкими иқтисод, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, тарбияи кадрҳои соҳибкасб, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии созанда ҳама қисмҳои ҳамин раванд мебошанд. Ва дар ин раванд нақши роҳбарии сиёсӣ аҳаммияти калон дорад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар солҳои баъди истиқлол нишон медиҳад, ки барои нигоҳ доштани давлат дар шароити буҳрон, пеш аз ҳама, иродаи сиёсӣ, масъулият ва тавони қабули қарорҳои судманд муфид аст.
Имрӯз, баъди сиву панҷ сол Тоҷикистон як кишвари пешрафта аст. Дар шароити сулҳу субот, оромӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ имкониятҳои рушд боз ҳам бештаранд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва истиқлол бояд масъалаи умумии ҷомеа бошад.
Сӣ панҷ соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи ташаккули таҷрибаи нави давлатдорӣ гардид. Дар ин давра кишвар аз марҳалаи буҳрони сиёсӣ ба марҳалаи рушди устувор гузашт, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам кард ва дар масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ташаббусҳои худро пешниҳод намуд.
Дар маркази ин раванд сиёсати роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад. Тамоми ташаббусу талошҳои Сарвари давлат ҳадафи нигоҳ доштани истиқлол ва фароҳам овардани шароити рушди Тоҷикистонро дошт ва самараи худро додааст.
Равшан СОБИТОВ,
муаллими кафедраи умумидонишгоҳии
психологияи умумӣ