Маҳфили илмии донишҷӯён “Эколог”

Баҳри ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба корҳои тадқиқотӣ ва илмӣ дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиат маҳфили илмии донишҷӯён “Эколог” таъсис дода шудааст, ки санаи 27.09.2018 ҷаласаи нахустини маҳфил дар соли хониши 2018-2019 бо иштироки пурраи аъзо баргузор гардид. Мувофиқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

  1. Тасдиқи ҳайати аъзои маҳфил барои фаъолият дар соли хониши 2018-2019
  2. Пешниҳоди нақшаи фаъолияти маҳфил дар соли хониши 2018-2019
  3. Маърӯза дар мавзӯи “Хусусияти экологии мавзеи ҷойгиршавии партовгоҳҳои шаҳрӣ дар мисоли шаҳри Хуҷанд”

Рафти баррасии масъалаҳои зикрёфта гувоҳӣ дод, ки барои донишҷӯён фаъолияти маҳфил зарурӣ буда, боиси қонеъ гардонидани шавқу рағбати онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯён хоҳиш намуданд, ки ҷаласаҳои маҳфил тез-тез доир карда шаванд то ин ки ҳамаи донишҷӯён аз фаъолияти тадқиқотии худ ҳисобот дода тавонанд.

Донишҷӯён барои фароҳам овардани шароити мусоид дар тадбиқи хоҳишу шавқи худ дар корҳои илмӣ ба садорати факултет ва раёсати Донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.

(Бо суратҷаласаи маҳфили илмӣ метавонед дар сайти кафедраи экология ва ҳифзи табиат шинос гардед).

Аксҳои рафти ҷаласаи маҳфил замима шудааст:





МАРКАЗИ ИТТИЛООТ